Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ваҳдати миллӣ - ин суботу оромист

            «Бо итминони комил ва бо ифтихор изҳор медорам, ки Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои ватандӯстонаи хурду бузурги давлати тозабунёдамон ва хизмати таърихии халқи Тоҷикистон мебошад ва маҳз ба ҳамин хотир мо вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро мисли гавҳараки чашм азизу гиромӣ дорем ва ҳифзу нигаҳдорӣ намоем" Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ дастоварди замони истиқлол буда, Ватанро аз нестшавӣ, миллатро аз парокандагӣ раҳо намудааст. Дар раванди баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва то ҳол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷикро аз парокандагӣ ва нестшавӣ раҳо намуда, сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти комилро ба мо ҳадя намуданд.

Ваҳдати миллӣ ин ҳамдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббат, осоиштагӣ ва сулҳу субот аст. Маҳз ҳамин суботи сиёсист, ки ҳар яки мо бо ҳадафҳои ба худ гузошта ноил мешавем. Сулҳу ваҳдат шахсро бо якдигар наздик карда, барои рушд ва беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагӣ шароит фароҳам меорад. Агар дар давлате, ки суботу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ поянда набошад, ҳеҷ фарде муваффақ шуда наметавонад. Дар давлате, ки сулҳу субот ҳукмфармост, албатта, сайёҳони дохилу хориҷ ба он сарзамин ташриф оварда, аз таърих ва фарҳанги он миллат огоҳ шуда, онро муаррифӣ намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоии он саҳми бориз мегузоранд, ки он боиси беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва пешрафти давлат мегардад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки баъди ба даст овардани Истиқолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом вазъият қарор дошт, яъне вазъи сиёсӣ ноором буд гурӯҳҳои тундрав намехостанд, ки вазъи сиёсӣ дар сарзамини Тоҷикистон ором бошад. Худованд ба ин миллат шахсеро мувофиқ донист, ки барои нигоҳ доштани ин Ватан, ин сарзамин хизмати бузургеро ба ҷо орад. Ба бахти миллати мо шахси нексиришт, қаҳрамони миллӣ, фарзанди фарзонаи диёр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари давлати Тоҷикистон гардид ва давлати тоҷикистонро аз парокандашави наҷот дод.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оромӣ ва сулҳу суботро дар ин сарзамин фароҳам овард. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки яке аз суханони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин буд, ки «То охирин гурезаро ба Ватан бар нагардонам ман худамро ҳамчун Президент ором ҳис намекунам», Ҳамин мақсадҳои неки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишу заҳматҳояш буд, ки соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ имзо гардид.

Қобили қайд аст, ки бо шарофати оромиву осудагӣ ва ваҳдату якдилӣ, ин миллати меҳанпараст тавонист, ки қадамҳои устувори худро дар рушди иќтисодӣ, иљтимоӣ ва фарњангӣ мустаҳкам намуда, онро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намояд.

Бо гузашти солҳо ба ҳамагон маълум шуд, ки сулҳу сафо боиси ободиву пешрафти ин Ватани биҳиштосо шуд. Ҳар як фарди ватандӯст дарк мекунад, ки Ваҳдати миллӣ асоси рушди иљтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.

Бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати Тоҷикистон ба як кишвари пешрафта дар миқёси ИДМ ва ҷаҳон табдил ёфт.

Раҳмонзода Фаррух Абдулқосим,

Пристави суди ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай