Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Чорабинии идона бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия имрӯз бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қисми ҳарбии 0307-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ афсарону сарбозони қисми ҳарбии мазкур, намояндагони МИҲД-и ноҳия, меҳмонон аз ташкилоту идораҳо, занону бонувони фаъол аз Ҷамоати шаҳраки Москва иштирок намуданд. Муовини раиси ноҳия Давлатҷон Муҳуддинзода доири ин санаи бузурги таърихӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд. Номбурда зимни баромади худ қайд дошт, ки имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Ва чӣ тавре шоири халқии ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Расул Ғамзатов қайд намудааст: “Инсони боҷасорату хирадманд-Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркӯшро ёбад”.

Бонувони фаъоли шаҳрак барои хизматчиёни ҳарбӣ таъомҳои миллӣ пешниҳод намуданд, ки писанди ҳамагон гардид. Ҳамчунин, дар ин ҷо намунаи ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Ба хизматчиёни қисми ҳарбӣ китобҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадя карда шуд.

Ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим бо рақсу таронаҳои дилошӯби худ хотири иштирокчиёни чорабинии идонаро шоду мамнун гардониданд.

Ҷ.Қувватзода

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай