Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - НАҚШИ ИНТЕРНЕТ ДАР РУШДИ ТАФАККУРИ МО

        Аз замони пайдоиши инсон чандин асрҳо гузашт. Дар ҳар як аср пешравию дастовард ва ихтироъи инсон бесобиқа арзёбӣ мегардад. Рушди ҳамаи соҳаҳо маҳз тавассути ихтироъ ва тафаккури одамон дида мешавад. Дар ин замина инсоният шабакаеро ихтироъ намуд, ки тамоми љаҳонро боҳам овард. Ин шабака Интернет ном дошта, пайдоиши он ба намуди ҳозирааш ба солҳои 90-уми асри ХХ рост меояд.

Шабакаи Интернет саросари ҷаҳонро имрӯз пахш кардааст. Бинед, ки шахсе дар Руссия ва дигаре дар Тоҷикистон якдигарро дида, муошират мекунанд ва ё нохушие дар Бразилия шавад, баъд аз 5 дақиқа дар ҷаҳон истифодабарандагони Интернет аз он огоҳ мешаванд, ки ин маҳз бо тараққиёти шабакаи глобалии Интернет мебошад. Имрӯзҳо миқдори зиёди сомонаҳо ва шабакаҳо дар Интернетро вомехӯрем, ки на ба манфиати мо, балки ба зарари мо амал мекунанд. Аксарияти онҳо барои рушдӣ зеҳнии инсон хеле хубанд, аммо то кадом андоза ба манфиати мост, касе кафолат намедиҳад.

Дар асоси таҳлили коршиносон имрӯзҳо интернет манбаи гумроҳсозии ҷавонони сустиродаву соддалаҳв гашта, бо фиристодани навору аксҳои ҷолиб онҳоро ба доми фиреби хеш даъват мекунанд. Яъне, маҳз ҳамон гуруҳҳои тундраву ифротгаро аз саросари ҷаҳон корҳои фаҳшу зишти худро тавассути интернет роҳандозӣ карда, ниятҳои нопоки худро ба ин васила амалӣ менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ибрози назар намуданд, ки: «Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад».

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки махсусияти ИНТЕРНЕТ дар ҷалби ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар он зоҳир мегардад, ки қисмати бузурги аудиторияи ҳаррӯзаи манбаъҳои онлайниро ҷавонони аз 30-сола поён ташкил медиҳад ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро бошад, наврасону ҷавонони аз синни 17 то 23-сола, махсусан, хонандагони макотиби таҳсилоти умумиву олӣ ташкил менамоянд. Имрӯзҳо баръало мушоҳида мегардад, ки падару модарон бе ягон шакку шубҳа телефонҳои мобилиро харидорӣ намудаву ба дасти фарзандони хеш медиҳанд. Бо кадом мақсад онҳо истифода мекунанд, ба касе маълум нест. Ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ки баъди ворид гаштани тағйиру иловаҳо ба Кодекси љиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи тамошо ё гузоштани аломати “Маъқул” дар наворҳои созмонҳои террористӣ шахс ба ҷазои ҷиноятӣ кашида мешавад. Ба маврид мебуд, агар фарҳанги истифодаи интернетро ба наврасону ҷавонони худ омӯзем. Зеро бо гузоштани ҳар амал ҳаёти худ ва наздиконашонро метавонанд ба хатар андозанд.

Агар падару модар нисбати фарзандаш дар истифодаи шабакаҳои Интернетї бемасъулиятӣ нишон диҳанд, яъне аз кору рафтори фарзандонашон огоҳ набошанд, хатари ҷиддӣ ба рафтор, гуфтор ва кирдори кӯдакон мерасад. Тавре ки мо дар боло қайд намудем ҷанги иттилоотӣ, дар аксари давлатҳои манфиатҷӯ идома дошта, мақсад рахна намудани амну осоиш дар кишварҳои бегона мебошад. Мо, омӯзгорон дар ин радиф бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хонандагону наврасон ва наздикони худ фарҳанги дурусти истифодаи интернетро омӯзонем.

Рамазон Исвалиев, директори МТМУ №33

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай