Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Машғулиятҳои амалӣ

           Имрӯз дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании наздди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар қисми ҳарбии 0307-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ –и ноҳия машғулиятҳо барои пешгирӣ ва ғарқшавӣ ҳангоми оббозӣ доир шуд. Дар кори машварат муовини раиси ноҳия Д. Муҳуддинзода, Сардори Шуъбаи КҲФ МГ дар ноҳия Илҳом Сафарализода ва дигар нафарони расмӣ иштирок доштанд. Мавриди зикр аст, ки ҳамасола бо фаро расидани фасли тобистон мавсими оббозӣ оғоз гардида, ноболиғону ҷавонон ва шаҳрвандон дар кулу дарёҳо барои истироҳату фароғат ба оббозӣ машғул мегарданд. Тавре мушоҳида мешавад, дар ин мавсим шаҳрвандони мо бинобар сабаби надонистани қоидаҳои оддитарини оббозӣ ба ҳолатҳои ғарқшавӣ дучор мешаванд.

            Ба ин хотир Шуъбаи КҲФ МГ дар ноҳия нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, ба шаҳрвандон корҳои оммафаҳмонӣ, иҷрои қоидаҳои оббозӣ ва дар ҷойҳои муайяншуда оббозӣ намудани шаҳрвандонро тавсия дода дар ин самт корро пурзӯр намуда истодаанд.

Ҷ.Қувватзода

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай