Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МУЛОҚОТ БО МАОРИФЧИЁН

          Имӯз дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар Филармонияи мардумии ноҳия мулоқоти судманди сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода бо маорифчиёни ноҳия доир шуд.

Зимни баромади худ сардори Раёсати маорифи вилоят Зиёдулло Абдулзода аҳли маорифчиёни ноҳияро ба ифтихори санаи бузурги таърихӣ- Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, таманнои саодатмандии онҳо суботи сиёсии мамлакатро намуданд. Дар идома номбурда соҳаи маорифи ноҳияро дар давраи 6 моҳи соли ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Қайд гардид, ки имрӯз дар ноҳия 36639 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 2050 нафар омӯзгорон дарс мегуянд. Ҳамчунин дар ноҳия 50 муассисаи таълимӣ, 6 адад муассисаҳои томактабӣ ва 48 адад марказҳои инкишофи кӯдакон кору фаъолият намуда, дар пешрафти таълиму тарбия нақши муассир гузошта истодаанд.

Зиёдулло Абдулзода дар рафти баромади худ аз иштироки сусти хонандагон дар озумнҳои ҷумҳуриявӣ эроди ҷиддӣ гирифта, таъкид доштанд, ки сол то сол бояд иштироки хонандагон дар озмунҳои таъсиснамудаи Ҳукумати мамлакат зиёд гардида, қисмати зиёди хонандагон ба ин озмунҳо ҷалб гарданд. Ҳамчунин, натиҷаи иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ низ мавриди таҳлил қарор дода шуда, зикр шуд, ки дар ин давра аз ноҳия 11 нафар дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 10 нафар соҳиби ҷойи 3-юм ва 1 нафар соҳиби ҷойи 2-юм гардидаанд, ки ин нишондод қаноатмандкунанда нест. Ин рақамро сардори Раёсат аз фаъолияти сусти роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия номид.

Ҳамчунин, дар мулоқот рафти иҷрои Барномаҳои давлатӣ дар самти маориф низ мавриди таҳлил қарор дода шуда, иҷрои бандҳои он дар ноҳия натиҷагирӣ гардид.

Дар рафти баромади худ сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон З. Абдулзода аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ даъват ба амал овард, ки ҳангоми иҷрои рисолати омӯзгории худ даст болои қалб гузошта, ба роҳбари давлат ва назди виҷдони худ содиқ бошад. Мутахассисони ҷавонро ба кор таъин намуда, дар таълиму тарбияи онҳо устувор бошанд. Ҳар як роҳбари муассисаи таълимӣ аз худ сар карда то омӯзгорону хонандагон сару либоси миллӣ, ки дар асоси низомнома соли 2014 тасдиқ шудааст риоя намуда, барои дигарон намуна бошанд. Инчунин, ҳар як роҳбари муассисаро зарур аст, ки баҳри пешрафту ҷаҳонбинии худу колективи омӯзгорон мутолиаи китобҳои бадеиро ба роҳ монанд.

Дар интиҳо саволҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Ҷовид Қувватзода, “Навиди Ҳамадонӣ”

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай