Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОӢ ВА ИҚТИСОДИИ НОҲИЯ ДАР ШАШМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024

          Имрӯз, санаи 11 - уми июли соли 2024 дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳия оид ба натиҷаҳои рушди хоҷагии халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар давоми шаш моҳи соли равон маҷлиси фаъолони ноҳия доир гардид.

Мирзозода Нурулло Абдулҳай- раиси ноҳия ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки дар кори он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон " Комили Мирзоалӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, корманди Маркази стандартизатсия сертификатсия, метрология ва назорати савдо дар минтақаи Кӯлоб, муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони кумитаи маҳаллаҳо, раисони Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, намояндагони муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занон, ҷавонон ва имомхатибон иштирок доранд.

Оид ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар шашмоҳаи якуми соли 2024 муовини якуми раиси ноҳия Орифзода Маҳдӣ Маҳмуд ҳисобот дод.

Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ нақшаи буҷети маҳаллӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,0 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 28 миллиону 239,2 ҳазор сомонии нақша 28 миллиону 817,0 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ гардид. Бояд қайд намуд, ки дар ин давра ҳамаи намудҳои андоз пурра иҷро шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар маҷмуъ ба маблағи 41 миллиону 660,0 ҳазор сомонӣ таъмин гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Кишоварзони ноҳия баҳри расидан ба яке аз ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо мақсади беҳтар гардонидани таъминоти бозори дохилӣ ва берунӣ софдилона меҳнат намуда, дар шашмоҳаи якуми соли 2024 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 563 миллиону 240.2 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар мавриди соҳаи тандурустӣ дар ноҳия маълумот дода шуд, ки дар ин давра 170 нафар духтурони маълумоти олидорва 1110 нафар кормадони хурди тиббӣ кору фаъолият намуда истодаанд. Дар давраи ҳисоботӣ 188 нафар гирифторони бемории вируси норасоии масунияти одам муайян гардидааст, ки дар давраи ҳисобти 10 ҳодисаи нави беморӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 5 нафар мард ва 5 нафар зан мебошад.

Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди ноҳия бемориҳои сироятии махсусан хатарнок ба қайд гирифта нашудааст.

Дар самтҳои дигари хоҷагии халқи ноҳия низ як зумра корҳо ба анҷом расонда шудаанд.

Баъди ба анҷом расидани гузориш раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай аз масъулини соҳаҳо пурсон ба амал оварда, дастовардҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон " Комили Мирзоалӣ оид ба натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадрнӣ ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки дастовардҳои ноҳия маҳсули меҳнати содиқона ва ташаббусу ибтикороти фаъолон ва сокинони ноҳия аст. Комили Мирзоалӣ ҳини суханрониашон тақвият бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва таъмиру азнавсозии иншоотҳои ҷашниро таъкид намуд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай