Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҲИФЗИ ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ФАРДИ ҶОМЕА

(фишурда аз вохӯрии намояндагони гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо сокинону фаъолони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ)

            Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон банду сад ва мушкилотҳои сахту сангин аз роҳи пурифтихори миллат бардошта шуд. Пешвои миллат дар зарфи 32 соли истиқлолият корҳоеро анҷом дод, ки давлати абарқудрати Шӯравӣ дар давраи ҳукмронии беш аз 70-солааш онҳоро натавонист иҷро намояд. Арзиши дигаре, ки боиси таҳкими ваҳдати миллӣ гардид, ин қабули муқаддасоти миллӣ - Парчами миллӣ, Нишон, Суруди миллӣ ва тоҷи ҳафтситорадор аст, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Бо ибораи дигар ваҳдат соҳили мустаҳками истиқлолиятро мемонад, ки он бегазанд побарҷо ва мустаҳкам боқӣ монд.

Ин рисолатро дар замони соҳибистиқлолӣ Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба уҳда дорад, ки онро таҳти ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш мебарад. Шӯрои Ҳаракат бо мардум вохӯрию мулоқотҳо гузаронида, онҳоро аз сиёсати созандаи давлату ҳукумат огоҳ месозад. Ниёгонро аз рӯи асарҳои таърихӣ ба мардум мешиносонад, то онҳо худшиносу ватандӯст гарданд.

Рӯзи 11 июли соли равон тибқи банди 12-и Нақшаи фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2024, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, дар мавзӯи -“Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои он” бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии аъзои гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо сокинону фаъолони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ бо сокинон ва фаъолони ноҳия Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, Ректори Академияи Идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода, инчунин, Шоири халқии Тоҷикистон устод Алимуҳаммад Муродӣ, узви Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Темуршоҳи Файзалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Қабл аз оғози вохӯрӣ дар саҳни ҳавлии Филармонияи мардумии ба номи устод Одина Ҳошимов наздики 100 нафар ҷавонон – аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, барандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон парчамҳои давлатӣ ва ҳизбиро ба шарафи солгарди ҷашни дар пеш истодаи истиқлолият ифтихормандона боло бардошта, таҳти шиорҳои “Поянда бод истиқлолияти Тоҷикистон!”, “Ҷавонони зодаи истиқлол – пайравони Пешвои миллат!”, “Истиқлолият шарафу номуси ҳар яки мост!” меҳмононро истиқбол гирифтанд. Дар ҷои намоёни даромадгоҳи бинои Филармония намоиши асарҳои Пешвои миллат ба роҳ монда шуда, меҳмонон аз он дидан намуда, ба фаъолияти бахши фарҳанг ва китобхонаи марказӣ баҳогузорӣ карданд.

Сипас, қисмати асосии чорабинӣ дар толори Филармония оғоз ёфт. Вохӯриро раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ташпифи онҳоро ба ноҳия хайрамақдам гуфт. Мавсуф баргузории вохӯрии мазкурро вобаста ба моҳияти мавзӯъ ва авзои сиёсии минтақа, хеле муҳим арзёбӣ кард.

Гуфта шуд, ки агар ба роњи тайкардаи 33 - солаи давраи истиќлолият бо назари нек нигарем, баръало эҳсос менамоем, ки мо дар даврони соҳибистиқлолӣ ба чӣ дастоварду музаффариятҳо муваффақ гардидем. Ва бе ҳеҷ як шаку шубҳа гуфта метавонем, ки дар ин фосилаи таърихӣ ин ҳама дастоварду муваффақиятҳо дар кишварамон тањти роњбарии хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон ба даст омада, пойдевори давлати миллӣ гузошта шуд.

Зимнан, пас аз оғози расмии чорабинӣ сухани нахустин ба Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов дода шуд. Мавсуф дар суханронии хеш аҳамияти истиқлолияти давлатиро дар рушди бемайлони давлат ва бақои миллат хеле муҳим арзёбӣ намуда, дар бораи роҳи душвори ба даст овардани сулҳу субот, хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, бартараф кардани ҳисороти молӣ ва оқибатҳои ҷанги хонумонсӯз, баргардонидани гурезаҳо, зарурияти созмон додани ниҳоди Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, нақши Пешвои миллат дар сулҳофарӣ, ҳамчун меъмори сулҳ, инчунин дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ андешаҳои худро баён намуда, мардумро ба сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандона, бунёдкоронаву созандаи Сарвари давлат даъват намуд.

Дар идома Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар ба сухан баромада, иброз намуд, ки Пешвои миллат аз рӯзҳои нахуст бо фарҳанг такя мекард ва имрӯз низ корбаст аз фарҳанг шеваи фаъолияти доманадори ӯст. Мавсуф зимни суханрониаш ишора ба он карданд, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, заминаҳои арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумиро ба вуҷуд оварда, дар маҷмӯъ , муҳит ва фазои маънавиро дар ҷомеа шакл бахшидааст. Ёд кардан аз бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо, ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихию илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бозгӯи гуфтаҳои боло мебошанд, гуфт дар идомаи суханрониаш Давлат Сафар.

Инчунин, дар баромад зикр гардид, ки бо вуҷуди ин ҳама, ҳанӯз ҳам дар ҷомеаи имрӯза қисман мушкилотҳое ҷо доранд, ки бартараф намудани онҳо корбарии дастаҷамъонаро тақозо дорад. Имрӯз дар замони муосири ҷаҳонишавӣ бо бархӯрдҳои мушкилҳалшавандаи тамаддунӣ, тамоюли муосири глобализатсионӣ бештар хусусияти таҳмил намудани ғарбикунонии тафаккури фарҳанги давлатҳои шарқӣ ба назар мерасад, ки ин ба ояндаи фарҳанги миллиамон бетаъсир намемонад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки фарҳангу асолати миллии хешро ҳифз намоему аз онҳо ифтихормандӣ кунем, гуфт дар идомаи суханрониаш Давлат Сафар. Муҳтарам Давлат Сафар дар рафти чорабинӣ аз шеърҳои мазмуни истиқлолият, сулҳу ваҳдатдошта барои ҳозирин қироат карда, тавассути шеърҳои эҷоднамуда нисбати душманони Ватану миллат ва носипосон ҳисси нафрати хешро нишон дод.

Дар баромади Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бошад, қайд карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳиссу таваҷҷуҳи Пешвои миллат барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум бештар гардид, ки ин ба халқи Тоҷикистон ҳамвора руҳу илҳом мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф,илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмӯъ барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

Дар вохӯрӣ Ректори Академияи Идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода ба сухан баромада, таъкид ба амал овард, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ бо дарназардошти зуҳуроти номатлуб, таҳдиду хатарҳои равонӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва дигар хатарҳо дар ин шароити пурпечу кунунӣ бояд сатҳи огоҳии мардум баланд бардошта шуда, ҳар як узви фаъоли ҷомеа бояд тафаккури миллӣ, дунёдарккунӣ, рӯҳияи худшиносиву ҳувиятгароӣ ва ҷаҳонбинии инсонмеҳварӣ дошта бошад.

Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ суханронӣ намуда, бо лаҳни шоиронаи хеш аз истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, ки бо ҷидду ҷаҳд ва талошу азхудгузариҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, шукргузорӣ намуданд ва аз шеърҳои ба тоза эҷод намудаашон дар мавзӯъҳои Ватан, истиқлолият ва сулҳу ваҳдат барои иштирокдорони чорабинӣ қироат намуданд.

Дар қисми охири чорабинӣ байни меҳмонон ва иштирокчиён суҳбати озоду самимӣ сурат гирифт. Дар ин қисмат намояндагони касбу корҳои гуногун, собиқадорон, ҷавонон, бонувони фаъоли ноҳия суханронӣ намуда, аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намуданд.

Дар хотимаи чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон як гурӯҳ фаъолони ноҳия бахшида ба ҷашни дар пешистодаи 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо китоби “Ваҳдат, Давлат, Президент” қадрдонӣ гардиданд.

Чорабиниро Раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Н. ҷамъбаст намуда, ба меҳмонон барои баргузории чунин як вохӯрию мулоқоти судманд бо сокинонуфаъолони ноҳия, ки фарогири бисёр ҳам як мавзӯи муҳим ва актуалӣ буд, изҳори сипос намуд.

Илёсиддин Набиев,

Котиби Шурои Ҳаракати ваҳдати миллӣ

ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай