Дар саҳни бинои МТМУ №12-и Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон барномаи фарҳангию фароғатии "Шоми дӯстӣ " баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Д.Муҳуддинзода, Сармуҳаррири рӯзномаи норҳиявӣ Ҷ.Қувватзода, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия Маҷидзода Ф ва и.в мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ҳайдарзода Г., иштирок ва суханронӣ намуданд. Мавриди қайд аст, ки ин тадбир баҳри фароғату истироҳати сокинон роҳандозӣ гардида, ҷиҳати муҳайё намудани шароити зисту зиндагии сокинон, баланд бардоштани маърифати фарҳангии онҳо тадбирҳои судманд андешида мешавад. Мариди қайд аст, ки дар чорабинии мазкур дастовардҳои Ҷамоат ба маърази тамошо гузошта шуда, ҳунарҳои муардумӣ ва анвои хӯрокҳои миллӣ ки муарифгари таъриху тамаддун ва расму оини аҷдодони мо мебошад пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд.
Зимни суханронии худ муовини раиси ноҳия Д.Муҳуддинзода зикр доштанд, ки имрӯзҳо давлату ҳукумати мамлакат баҳри беҳбуд бахшидани ҳайёти осоишта, зиндагии хуб ва шароити созгори сокинон ҳама чораҳоро андешида, марҳила ба марҳила орзуву ормони чандинсолаи сокинони шарафманди диёр амалӣ гардида истодааст. Қайд гардид, ки сулҳу ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти комили кишвар имкон фароҳам овард, ки мо дар шароити хуб ба сар бурда, шукронаи ин сарзамину ин Ватан намоем.
Баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ барои сокинон аз ваҳдату якдилӣ ва суботи сиёсиву оромии мамлакат дарак дода, мезад, ки баҳри хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат расида, баҳри ҳифзи он кӯшиш ба харҷ диҳем.
Дар интиҳо аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия баҳри истироҳату фароғати сокинон суруду таронаҳои дилошӯби ватандустӣ пешниҳод гардид.
Ҷовид Қувватзода