Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Чорабинии фарҳангии "Шоми дӯстӣ" дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод

      Дар лабони сокинони Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ханда ҳувайдост. Шодию нишот ва ҳамдилию фараҳмандии онҳо аз иштирок дар чорабинии фарҳангию фароғатии "Шоми дӯстӣ" дарак медиҳад. Воқеан ҳам, баргузории чунин маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣ ва ба дили ҳар як сокини шарафманди диёр бедор намудани шуълаи ваҳдату якдилӣ, оромиву осоиштагӣ ва ҳамбастагию иттифоқӣ нишонаи соҳибистиқлолии давлати пояндаву ҷовидонӣ маҳсуб меёбад. Сокинон бо шукургузорӣ аз ин неъмати бебаҳо дар маҳфилу идҳо, тантанву ҷашнҳо бо чеҳраи кушоду дили беғам ширкат варзида, рақсу шодӣ менамоянд. Имрӯз дар ин чорабинӣ муовини раиси ноҳия Д.Муҳуддинзода, Сармуҳаррири рӯзномаи норҳиявӣ Ҷ.Қувватзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Саидов Ш., мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия Маҷидзода Ф ва и.в мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ҳайдарзода Г., иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мариди қайд аст, ки дар чорабинии мазкур дастовардҳои Ҷамоат ба маърази тамошо гузошта шуда, ҳунарҳои муардумӣ ва анвои хӯрокҳои миллӣ ки муарифгари таъриху тамаддун ва расму оини аҷдодони мо мебошад пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд.

Аснои суханронии худ муовини раиси ноҳия Д.Муҳуддинзода зикр доштанд, ки имрӯзҳо давлату ҳукумати мамлакат баҳри беҳбуд бахшидани ҳайёти осоишта, зиндагии хуб ва шароити созгори сокинон ҳама чораҳоро андешида, марҳила ба марҳила орзуву ормони чандинсолаи сокинони шарафманди диёр амалӣ гардида истодааст. Ва моро зарур аст, ки бо шукургузорӣ аз ин неъмати бебаҳо ба сар бурда, баҳри ободию шукуфоии Ватани маҳбубамон тамоми ҳастии худро равона намоем.

Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия баҳри истироҳату фароғати сокинон суруду таронаҳои дилошӯби ватандустӣ омода намуда, маҳфили фарҳангиро басо хотирмону дилнишин баргузор намуданд.

Ҷовид Қувватзода

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай