Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои судманди раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай баҳри тозагии гирду атроф, ҳифзи муҳити зист дар Ҷамоати шаҳраки ноҳия аксияи тозагии роҳ ва маҳал бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ҳамбастагӣ бо кормандони Идораи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия баргузор гардид.
Дар аксияи мазкур 280 нафар сокинон ба ҳашар баромада, партовҳои гирду атроф ва назди биною иншооти ноҳияро тозаю озода намуданд. Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон аз тарафи бахшҳои болозикр мунтазам чунин ҳашарҳо, аксияҳо тозагии маҳал дар ҳар як Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир шуда, бо ин мақсад тозагию ободонии деҳу рустоӣ ноҳия мунтазам ба роҳ монда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ