Имрӯз дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳия бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай, Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон мулоқоти судманд доир шуд.
Нахуст, раиси ноҳия ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба иштироккунандагони мулоқот муаррифӣ намуда, ҳамзамон ҳадафи баргузории онро ба ҳозирин фаҳмонида дод.
Раиси ноҳия аснои баромади худ ҳозиринро аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар , ки санаи 9 марти соли 2024 баён доштанд, ёдоварӣ намуда, таъкид доштанд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда, ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ оид ба пешгирии ҷавонон аз бегонапарастӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ҳифзи арзишҳои миллӣ, бахусус, пўшидани либосҳои ба фарҳанги миллиамон бегона гузаронидани корҳои амалиро ба роҳ мондааст. Бо ин мақсад имрӯзҳо дар ноҳия гурӯҳҳои ташвиқотӣ таъсис додашуда, миёни сокинон корҳои оммафаҳмонӣ бурда истодаанд ва ин кор мудом идома меёбад.
Сипас, сухан ба Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Ш.Р. дода шуд.
Мавсуф зимни суханронии худ аз ҷиноятҳое, ки имрўз ба сулҳу оромии кишвар, таҳдид ба амнияти ҷомеа, қатлу куштор дарак медиҳанд, изҳори нигаронӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва мағзшӯии ҷавонон аз тарафи гуруҳҳои ифротӣ аз ҷумлаи ҷинояту дигар амалҳои номатлубе ба ҳисоб мераванд, ки онҳо метавонанд ба амнияти давлату миллат хатари ҷиддӣ эҷод намоянд. Ба хотири пешгирии чунин ҷиноятҳои хатарнок аз падару модарон, бахусус аҳли нишаст даъват ба амал оварда шуд, ки бо фарзандони хеш, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, мудом дар робита шуда, аз ҳолу аҳвол, буду бош ва шароти кори онҳо бохабарӣ намоянд. Зеро таъсири гурӯҳҳои ифротӣ дар кишварҳои бегона маҳз тавассути муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монда мешавад, иброз намуд муҳтарам Назарзода Ш. . Инчунин, Сардори раёсати РВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Ш.Р. дар идомаи суханрониашон таъкид доштанд, ки мақсади мо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин парвандаи ҷиноиву ба маҳбас кашидани ҷавонон нест, танҳо пешгирӣ ва риояи қонунҳои амалкунанда аз тарафи ҳар як сокини мамлакат ба ҳисоб меравад.
Аксар занон имрӯз майл ба либосҳои ба фарҳанги мо бегона доранд. Дар давоми суханронии Сардори РВКД вилояти Хатлон аз пўшидани либосҳои ба фарҳанги миллиамон бегона, сиёҳпўшӣ ва сатру ҳиҷоб низ ёдоварӣ шуда, аз занону бонувон ва пеш аз ҳама модарони тоҷики дар толор нишаста даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати тақлид накардан ба фарҳанги бегона дар пўшидани либос бурдани корҳои тарбиявӣ ва фаҳмондадиҳиро миёни ҷавонону фарзандон пурзўр намоянд. Дар баромад қайд карда шуд, ки поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои занон дар аксар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, дар ҳамсоякишвари мо - Афғонистон тамоми сокинони сайёраро ба ташвиш овардааст. Мо ва занону модарони тоҷикро зарур мебояд аз сулҳу оромии дар кишварамонбуда шукургузорӣ намоем. Ба ҳама гуна амалҳои номатлуб ва тақлид ба фарҳанги бегона роҳ надода, набояд дар тарбия ва назорати фарзандони хеш бе таваҷҷуҳ буд. Ҷавонро дар роҳи меҳандӯстию садоқат ба Ватан тарбия намоянд, - баён дошт дар баромадаш Назарзода Ш. .
Яке аз масъалаҳои нигаронкунандае, ки дар мулоқот қайд карда шуд, ин даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба шумор меравад, ки дар ин самт , Сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Ш.Р., бо овардани мисолҳои хуби ватандӯстона диққати ҳозиринро ба онҷалб намуд. Мавсуф таъкид доштанд, ки хизмат ба Ватан-Модар шарафу номуси ҳар як ҷавонмард ба ҳисоб рафта, ҳар як падару модарро зарур аст, ки фарзанди хешро дар ин руҳия тарбия намояд. Имрӯз дар қисмҳои низомии кишвар тамоми шароитҳо муҳайё буда, сарбозону афсарон дар беҳтарин шароит хизмат намуда истодаанд. Ҳар як ҷавон баъди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба қадри заҳмату меҳнати падару модар, истиқлолияту амнияти кишвар ва хизматҳои шоёни Президенти кишвар расида, баҳри ҳифзи он кушишҳо ба харҷ медиҳанд.
Дар интиҳо аз тарафи иштирокчиён суолу пешниҳодҳо ироа гардида, ҷавобҳои қаноатбахш дода шуд.
Ҷовид Қувватзода “Навиди Ҳамадонӣ”