Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТАБИБОН ДАР НОҲИЯ

Ба муносибати рӯзи кормандони соҳаи тиб дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳия чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, собиқадорони соҳа иштирок доштанд.

Нахуст, раиси ноҳия чорабиниро ифтитоҳ намуда, бо сухани табрикоти кормандони соҳаро табрику таҳният гуфта иброз доштанд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат соҳаи тандурустии кишвар ба маротиб рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар давом аз таваҷҷӯҳи махсуси Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, қайд карданд, ки имрӯз соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳим дар сиёсати давлатӣ ва самти афзалиятнок ба шумор рафта, бинову иншоотҳои наву замонавӣ сохта мавриди истифода қарор дода истодааст.

Дар идомаи чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба як қатор фаъолони соҳаи тиб ва собиқадорони соҳаи тандурустӣ Сипосномаву Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангиву фароғатӣ аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия баҳри истироҳату фароғати иштирокчиён тақдим карда шуда, хотири аҳли толорро шод намуданд.

Ҷовид Қувватзода

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай