Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Тантанаҳои ҷашни Истиқлол дар ноҳия

       Дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳия бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, директори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон " муҳтарам Комили Мирзоалӣ ва намояндаи МИҲД-и вилояти Хатлон Сайдализода Ҷурахон чорабинии идонаи тантанавӣ доир гардид. Саҳн ва майдони назди Филармония бо шиору овезаҳои ҷашнӣ, муқаддасоти миллӣ ва парчамҳои ороишӣ оро ёфта, намуди идона ба бар намуда буд. Ин ҳама васфкунандаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ифода гардида, саодати ин ҷашни миллӣ ба қалбҳои ҳар як фарди кишвар шодию сурур мебахшад. Дар баргузории ҷашни Истиқлол аҳли ҷамоатчигии ноҳия ва дигар табақаҳои аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷамъ омада буданд. Симову чеҳраҳояшон хушҳол буда, аз сулҳу ваҳдати кишвар, осмони софи он ва Истиқлоли ба дастомада меболиданду шукргузорӣ доштанд.

Сипас, дар қисмати тантанавии чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолият директори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон " муҳтарам Комили Мирзоалӣ, намояндаи МИҲД-и вилояти Хатлон Сайдализода Ҷурахон ва раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай, суханронӣ намуда, ҳамаи иштироккунандагонро ба ин санаи муқаддас табрику таҳният гуфтанд. Зимни суханронии худ меҳмонон зикр доштанд, ки бузургтарин дастоварди сиёсии Истиқлоли давлатӣ ин бунёди давлатдории навин ва пайвастан ба силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон мебошад. Аз ин рӯ, дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи нодир буда, дастоварди беназири соҳибистиқлолӣ мебошад. Натиҷаи соҳибистиқолист, ки таҷрибаи давлатсозиву давлатдории пешрафтаи ҷаҳонӣ, омилҳои сиёсиву таърихӣ ва фарҳангии миллиро дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ омӯхта, ва рамзҳои давлатӣ аз ҷумла, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ қабул гардид. Саодати миллати мо буд, ки дар заминаи соҳибистиқлолӣ Артиши миллӣ, қушунҳои сарҳадӣ ташкил гардид.

Баъдан, дар қисмати дигари чорабинии тантанавӣ дастовардҳои мардуми ноҳия – кишоварзон, зиёиёну фарҳангиён, инчунин, маҳсули дастони ҳунармандон, аз қабили либосҳои миллӣ, армуғони сайёҳӣ, бофандагӣ, қуроқдӯзӣ, кашидадӯзӣ, рассомӣ дар рӯйи матоъи бонувони чирадаст, кандакорӣ ва дигар намуди ҳунарҳои милливу дастархонҳои бо хӯрокҳои миллӣ ороёфтаи кадбонуҳо, ки дар намоишгоҳ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, дидан намуда, ба заҳмати мардуми шарафманду меҳнатии ноҳия баҳои баланд доданд. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳанд, ки Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи башардӯстона ва маорифпарваронаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё намудани фарҳанги бостонии худ, рушд ёфтани беҳтарин суннату оинҳои миллӣ , маориф ва фарҳанг имконияту шароитҳои мусоидро фароҳам овард.

Дар интиҳои чорабинӣ ба як қатор фаъолон ва нафарони касбу кори гуногун, ки дар рушду пешрафти кишвари азизамон саҳми боризи хешро гузоштаанд, Ифтихорномаву сипоснома ва дигар туҳфаҳои хотиравии тақдим шуд.Чорабинии фарҳангӣ, ки аз суруду таронаҳои дилошӯби ватандустӣ иборат буд пешниҳоди аҳли нишаст гардид.

Ҷ. Қувватзода

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай