Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - НАВАСКАРОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕРАВАНД

         Майдони Исмоили Сомонии маркази ноҳия имрӯз, 1 октябри соли 2024 нисбати рӯзҳои пешин намуди идона дошт, ҳама ҷо тозаву озода, шиору овезаҳои дар ҳар гӯшаву канори майдон овехта доири ватандӯстиву ифтихори миллӣ, Тоҷикистон ва худшиносии миллӣ.

“Рӯзи даъватшаванда” бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай, кормандони МИҲД –и ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Комиссариати ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, кормандони Ҷамоатҳо, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, дӯстону наздикон, волидайн, донишҷӯён, бонувони фаъоли ноҳия, ташкилоти “ Ҳомиёни Ватан”, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии дар ноҳия мустақар басо фаромӯшнашаванда сурат гирифт.

Аз ҳама муҳимаш дар ин рӯз ин буд, ки дар рӯзи аввал нақшаи даъват дар ноҳия 100% иҷро гардид.

Ҳамаи даъватшавандаҳо ҳамроҳи падару модарон, хешу табор ва наздикон бо чеҳраи шукуфон мунтазири кушодашавии чорабинии идона буданд.

Баъди оғози чорабинӣ раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҳозиринро ба “Рӯзи даъватшаванда” самимона муборакбод гуфта, зимни баромади худ қайд кард, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар барои ҳар як ҷавони баору номус мактаби ҳаёт, қарзи ҷавонмардист.

Раиси ноҳия ба наваскарон хизмати аъло, саломатӣ ва сарбаландиву саодатмандӣ таманно намуданд.

Сипас , раиси Шурои собиқадорони ноҳия Шариф Раҳимов баромад карда, ба ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ даъватшавандаро ба “Рӯзи даъватшаванда” сидқан табрик гуфта, қайд карданд, ки хизмат ба Ватани азиз шараф асту мактаби диловарию мардонагӣ. Ҳамчунин, як зумра падару модарон ва даъватшавандаҳо баромад карда, аз он изҳори хушнудӣ намуданд, ки Пешвои муаззами миллат барои хизмат дар сафи Артиши миллат беҳтарин шароитҳоро муҳайё намуданд.

Сарбозони қисмҳои ҳарбии мустақар дар ноҳия ба ҳозирин машқҳои варзишию ҳарбиро бо маҳорати воло пешкаш намуданд.

Бонувони фаъоли шаҳрак маросими “Нонгазон”-ро ба ҷо оварда, духтарони зебо ба наваскарон рӯймолча ҳадя намуданд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз Сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Тоҳирҷон Рафиев , раиси Ҷамоати Даштигуло Ҷумахон Қурбонов, Директори КВД "Идораи комуналӣ" Сангмад Гадоев ва корманди рӯзномаи “Навиди Ҳамадонӣ” Алиева Мавлуда фарзандони худро ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим бо таронаҳои дилошӯб ва ватандӯстона хотири иштирокчиёни чорабиниро болида гардониданд.

Наваскарони ноҳия бо рақсу бозӣ, бо як шодиву хурсандӣ савори автобусҳо ҷониби маркази вилоят роҳ пеш гирифтанд.

Роҳатон сафед бод, наваскарони Ватан!

Ҷ.Қувватзода

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай