Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Рӯзи забон, эй ҳамватан, фархунда бод!

Дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи муаллимон чорабинии идона баргузор гардид. Дар ҳамоиш раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.

Нахуст, иштирокчиёни чорабинӣ аз намоиши дастовардҳои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дидан намуданд.

Раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай дар ҳамоиши идона суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки ба мақоми давлатӣ соҳиб гардидани забон саҳми Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст.

Воқеан ҳам, забони тоҷикӣ дар симои Пешвои миллат ҳомӣ ва пуштибони худро дорад. Раиси ноҳия дар интиҳои баромади худ аҳли чорабиниро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва рӯзи муаллимон табрику таҳният гуфтанд.

Сипас, як зумра иштирокчиёни чорабинӣ андешаҳои хешро иброз намуданд. Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар ситоиши забонӣ тоҷикӣ, муаллим аз осори шоирон шеърҳо қироат намуданд.

Баъдан, ба як қатор кормандони фаъол ва омӯзгорон Сипоснома тақдим гардид.

Ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим хотири иштирокчиёни чорабиниро болида гардониданд.

Ҷ. Қувватзода

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай