Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ғалабаи “Сарҳадчӣ” дар майдони худ

Дастаи “Сарҳадчӣ”-и ноҳия дар даври навбатии чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи якум дар майдони худ дастаи “Файзканд”-и ноҳияи Восеъро ба меҳмонӣ пазируфт.

Соҳибони майдон аз оғози бозӣ ташаббусро пурра ба даст гирифта, ҷониби дарвозаи меҳмонон пайваста ҳуҷум мекарданд.

Ҳуҷумҳои пайдарпайи футболбозони “Сарҳадчӣ” самар дод. Онҳо бо дарвозаи “Файзканд” чор туб заданд, меҳмонон бошанд ба дарвозаи дастаи соҳибони майдон 2 гол ворид намуданд.

Бозӣ бо ҳисоби 4 бар 2 ба нафъи дастаи “Сарҳадчӣ” анҷом ёфт ва онҳо соҳиби 3 имтиёз гардиданд. Ёдовар мешавем, ки ин пирӯзии чоруми пайиҳами дастаи “Сарҳадчӣ” мебошад.

Ҳоло даста бо дарёфти 18 хол дар ҷадвали мусобиқот дар мақоми 8- ум ҷой гирифтааст. Умед аст, ки даста бозиҳои минбаъдаи худро дар сатҳи баланд гузаронида, дар ҷадвали мусобиқот дар зинаҳои баланд ҷой мегиранд.

Ҷ.Исломов

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай