Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Дастгирии ниёзмандон ва ташкили корвони саломатӣ

 

     Воқеан ҳам, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарастии ятимону маъюбонро ба дӯши худ гирифта, то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон тамоми шароити заруриро муҳайё месозад.

Дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои судманди раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҷиҳати пиёда сохтани ҳадафҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи тандурустӣ ва солимгардонии сокинон дар ноҳия корҳои амалӣ ва чорабиниҳои соҳавӣ баргузор гардида истодааст.

Бо ин мақсад имрӯз бо иштироки муовини раиси ноҳия Д.Муҳуддинзода ва Менеҷери КАТС-и ноҳия М.Муллоев ба чанд нафар маъюбони Ташкилоти ҷамъиятии "Субҳи умед" барои кӯдакони имконияти маҳдуддоштаи ноҳия кӯмаки яквақтаинки хӯрокворӣ тақдим шуд.

Дар баробари ин дар ин рӯз аз тарафи Роҳбарияти КАТС-и ноҳия М.Муллоев дар деҳаи дурдасти Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон корвони саломатӣ ташкил гардида, баҳри ҳифзи саломатӣ ва пиёда сохтани ҳадафҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид. Мавриди зикр аст, ки дар ин чорабинӣ беҳтарин духтурони ноҳия сафарбар гардида, ба сокинон ташхиси ултратсадо, рентген ва дигар кӯмакҳои тиббӣ расониданд. Сокинон низ аз ин тадбири кормандони соҳаи тандурустӣ хурсанд гардида, саломатии хешро дар ин корвон ташхису муайян ва барқарор намуданд. Бояд қайд намуд, ки минбаъд низ чунин ташаббусҳои судманди роҳбарияти КАТС-и ноҳия дар дигар деҳаҳои дурдасти ноҳия идома дошта, ба сокинон хизмати тиббӣ расонда мешавад.

Ҷ. Қувватзода

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай