Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баргузории Фестивали ноҳиявӣ, таҳти унвони « Либоси миллӣ – осори таммаддуни ҷаҳон”

   Дирӯз дар майдони Исмоили Сомонии маркази ноҳия ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот санаи 9 марти соли 2024 бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баён доштанд, даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявӣ, таҳти унвони “Либоси миллӣ- осори тамаддуни ҷаҳон” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Д.Муҳуддинзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва фаъолони ноҳия иштирок доштанд.

Мақсад аз баргузории Фестивали мазкур баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллию мардумӣ, тарғиби либосҳои миллӣ, пешгирии бегонапарстӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ ба ҳисоб мераванд.

Муовини раиси ноҳия Д.Муҳуддинзода баромад намуда, қайд карданд, ки доир намудани ин гуна чорабиниҳо, яъне Фестивалҳо, ҳадафи аслӣ тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ маҳсуб меёбад.

Сипас , дар қисмати асосии чорабинӣ духтарону бонувон, донишҷӯён, хонандагон аз Коллеҷи ғайридавлатии тиббии ноҳия, муассисаҳои таълимии шаҳрак, бахши тандурустӣ бо сару либоси миллӣ саф ороста, либосҳои миллии тоҷикро намоиш доданд ва он писанди ҳамагон гардид. Дар интиҳо ба иштирокчиёни фестивал Сипосномаву Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Бахши фарҳанги ноҳия баҳри истироҳату фароғати иштирокчиён барномаи фарҳангию фароғатӣ доир намуданд.

Ҷ.Қувватзода

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай