Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Мақсад-пешгирии амалҳои “коррупсионӣ"

    

          Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки муовинони соҳавӣ, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, масъулину кормандони бахшу шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия вохӯрии сардори бахши муқовимат ба коррупсияи шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҷиҳати иҷрои банди 4-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Ҳасан Серожиддин ва нозири бахши мазкур Раҳимзода Абдураҳим Ҷамшед вохӯрӣ доир гардид.

Вохӯриро раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ифтитоҳ бахшида, иштироккунандагони онро бо масъалаҳои баррасишаванда шинос намуда, иброз дошт, ки тибқи Фармоиши №156, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҷиҳати иҷрои банди 4-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.08.2021 №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” аз 07.10.2024 то 16.10.2024 аз ҷониби намояндагони бахши муқовимат ба коррупсия доир ба ҳолати таъмини иҷрои Стратегияи мазкур фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, корхонаҳо ва муассисаҳои ноҳиявӣ мавриди таҳлил ва санҷиш қарор гирифт.

Сипас, дар вохӯрӣ сардори бахши муқовимат ба коррупсияи шуъба Розиқзода Ҳасан Серожиддин ва нозири бахши мазкур Раҳимзода Абдураҳим Ҷамшед ба сухан баромада, аз натиҷаи таҳлил ва санҷиши гузаронидашуда андешаронӣ намуда, ба иштироккунандагон ҷиҳати иҷрои талаботи Стратегияи давлатии муқовимат муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар доираи талаботи он дар фаъолият роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ дастуру тавсияҳо доданд.

Ҳамчунин, дар ин давом Сардори бахши муқовимат ба коррупсияи шуъба Розиқзода Ҳасан Серожиддин дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ва бандҳои асосии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба иштироккунандагони вохӯрӣ маълумотҳои муфассал дод.

Дар вохӯрӣ иштироккунандагон ба саволҳои додаи худ аз меҳмонон посухҳои мушаххас гирифтанд.

Ҷовид Қувватзода

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай