Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум барпо гардид.

Дирӯз, 11 декабр, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум барпо гардид.

Дар иҷлосия нахуст ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода доир ба натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимои вилоят дар соли 2019 ироа шуд.

Зикр гардид, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои иқтисодӣ афзоиш ёфта, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар сатҳи 7  фоиз таъмин гардид. Дар давраи ҳисоботӣ (10-моҳа) 26,1 фоизи ҳаҷми маҷмӯи дохила, 31,2 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, 51,5 фоизи ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ, аз ҷумла 63 фоизи истеҳсоли ғалладонагиҳо, 59,4 фоизи сабзавот, 67,1 фоизи пахта, 80,3 фоизи полезӣ, 45,2 фоизи мева, 44 фоизи ангур, 58,3 фоизи гушт, 48,4 фоизи шир, 11 фоизи тухм, 22 фоизи асал, 48 фоизи пилла, 41,2 фоизи саршумори чорвои калон, 41,1 фоизи чорвои майда, 60,2 фоизи ба истифодадиҳии фондҳои асосӣ, 21,4 фоизи гардиши моли чакана, 16,5 фоизи ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ, 30,2 фоизи ҳаҷми боркашонӣ ва 14,2 фоизи мусофиркашонӣ дар сатҳи ҷумҳуриро ҳиссаи вилояти Хатлон ташкил медиҳад.

Дар ин давра иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 1 миллиарду 327 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати нақша 427 ҳазор сомонӣ ва ҳамин давраи соли гузашта 126 миллион сомонӣ зиёд мебошад.   

- Дар натиҷаи фароҳам овардани шароити мусоид ба соҳибкорон, шумораи соҳибкорони бо шаҳодатнома ва патент фаъолияткунанда дар вилоят ба 32443 нафар расида, теъдоди онҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта 488 нафар афзоиш ёфт ва аз ҳисоби онҳо ба буҷет 83,7 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, - зикр намуд раиси вилоят. - Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади саривақт маблағгузорӣ намудани соҳаҳои буҷетӣ, ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 1 миллиарду 535 миллион сомонӣ, аз ҷумла 1 миллиарду 347  миллион сомонӣ ё 88 фоизи маблағҳо ба соҳаҳои иҷтимоиёт (маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ) равона карда шудаанд.

Раиси вилоят инчунин доир ба дастовардҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, роҳсозӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сохтмони иншоотҳои таъиноташон гуногун, занон, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ба вакилон маълумот дод.

Пас аз ҳисоботи раиси вилоят ва музокираҳо, аз рӯйи масъалаи дуюми иҷлосия: “Дар бораи иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2018 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2020” сардори Сарраёсати молияи вилоят Бахтиёр Назарзода гузориш дод.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар идомаи иҷлосия нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро барои соли 2020 баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Бо дарназардошти он ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли ҷорӣ интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо 1 марти соли 2020 таъин карда шудааст, дар иҷлосияи имрӯза инчунин Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳайати 11 нафар, ки онро Қурбоналӣ Қурбонзода – сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят, роҳбарӣ мекунад, таъсис дода шуд. Ҳамзамон, қарори Маҷлиси вакилон “Дар бораи муқаррар намудани ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон” ба тасвиб расид.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷумро ҷамъбаст намуда, ба вакилони халқ барои фаъолияти панҷсолаашон арзи сипос ва барори кору саломатӣ хост.

Маркази матбуотии раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай