Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - Ҷаласаи навбатӣ дар назди раиси вилояти Хатлон

Дирӯз, 22 январ, дар шаҳри Бохтар ҷаласаи навбатии Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода доир шуд, муовини раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, аъзои Шӯро, роҳбарони мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, комиссарони ҳарбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Ҷаласаро раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро рӯзномаи он шинос кард.
Котиби Шӯрои вилоятӣ, сардори Раёсати адрияи вилояти Хатлон Сафарҷон Салимзода доир ба фаъолияти Шӯро дар соли 2019 ва таклифу пешниҳодҳои аъзои Шӯро ба лоиҳаи нақшаи кории фаъолияти Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар соли 2020 гузориш дод.
Сипас, гузориши иҷрокунандаи вазифаи комиссари ҳарбии вилоят У. Солизода ва сардори Раёсати маорифи вилоят Д. Исозода доир ба раванди иҷрои қарорҳои раиси вилояти Хатлон оид ба бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ, омодагӣ ба даъвати баҳорӣ, ташкили курсҳои ронандагӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, инчунин санҷиши ҳолатҳои майдаавбошии хонандагони муассисаи таълимӣ дар шаҳри Кӯлоб шунида шуд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, амалӣ намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ тариқи шабакаҳои телевизиону радио, шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ вобаста ба Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, гузаронидани мизҳои мудаввар оид ба тарбияи ҳуқуқӣ дар самти пешгирии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ ва иқтисодидошта ва дигар масъалаҳои муҳим ба аъзои Шӯрои вилоятӣ ва масъулони идораҳои дахлдори давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят

 

   

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай