Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - ИНТИХОБОТИ АЪЗОИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ АЗ ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН №3

Имрӯз, 27 март, дар шаҳри Бохтар вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҷаласаи якҷоя аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳавзаи интихоботии вилояти Хатлон №3 интихоб намуданд.
Аз 542 нафар вакилони интихобкунанда дар интихоботи мазкур 533 нафар дар овоздиҳӣ иштирок намуданд.
Бо аксарияти овозҳои вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ имрӯз Қурбон Ҳакимзода - раиси вилояти Хатлон, Одиназода Бозоралӣ Неъмат – раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Одилзода Дилбар Раҳим – сарвари Мактаби президентии шаҳри Кӯлоб, Шоиддинов Фазлиддин Таваккалович – директори неругоҳи барқи обии “Норак” ва Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер – раиси ноҳияи Панҷ, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Қобили зикр аст, ки Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат мебошад, аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегардад. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд. Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад.
Фаъолияти Маҷлиси миллӣ дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як моҳи баъди интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ даъват ва дар он иштирок мекунад.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати дуюм 17 апрели соли 2000, иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати сеюм 15 апрели соли 2005, иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати чорум 23 апрели соли 2010 ва иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати панҷум 14 апрели соли 2015 баргузор гардиданд, ки дар онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Маркази матбуотии раиси но

 

  

 

  

  

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай