Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИС

Ҳамаи масъалаҳои мавриди баррасӣ қароргирифта дар ҷамъомади назоратии назди раис аз муҳимтарин масъалаҳои умдаи рўз буданд.

Масъалаи аввали рўзнома ҷамъоварии  маблағҳои андоз барои моҳи апрели соли равон буд, ки раиси ноҳия муҳтарам Б. Одиназода аз масъулини соҳа  пурсиши ҷиддӣ ба амал оварданд. Доири ба роҳ мондани коркард ва нигоҳубини заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар онҳо кишти пахта ва картошка гузаронида шудааст ва омода намудани култиваторҳо барои коркарди байни қаторњои пахта раиси ноҳия ба масъулини соҳа ҷиҳати дар сари вақт ва бо сифати баланд гузаронидани коркарди байни қаторҳои пахта маслиҳатҳои муфид доданд.

Имрўз яке аз мушкилоти асосӣ ин захираи хўрока, аз як замин рўёнидани ду-се ҳосил мебошад ва бо ин мақсад бояд қитъаҳои замини назди муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатию бунгоҳҳои тиббӣ, дигар ташкилотҳо мебошад ва раиси ноҳия доири ин масъала маълумоти дақиқ талаб намуд ва ба шахсони масъул таъкид намуд, ки ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд.

Доири масъулаҳои назорат ба паҳншавии малах дар қитъаҳои муайяншудаи ҳудуди ноҳия; коркард ва дастрас намудани маълумотҳои оморӣ оид ба маҷмўи маҳсулотҳои саноатӣ ва кишоварзӣ; назорат ба болоравии нархи маҳсулотҳо дар бозорҳо ва мағозањои хўрокворӣ раиси ноҳия ба масъалини  ҳамаи соҳаҳо доири иҷроиши корҳо дастуру маслиҳатҳо доданд.

Мавриди истифодабарӣ қарор додани иншоотҳои ҷашние, ки дар моҳи апрел ба нақша гирифта шудаанд аз масъалаи дигари муҳими ҷамъомадбуд, ки масъулин дар ин бора ҷиҳати омодагии иншоотҳо маълумот доданд ва раиси нҳњия барои дурустии санади қабули онҳо ба шахсони масъул маслиҳатҳои хуб доданд.

Раиси ноҳия маълумот дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои ҳуҷҷатсупории хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ба ММТ пурсиш намуданд.

Дар бораи рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагиҳо ба сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия ва пешниҳоди маълумоти ҳаррўза оиди иҷроиши корҳо раиси ноҳия аз роҳбарони гуруҳҳои корї ва раисони ҷамоатњо пурсиши ҷиддӣ намуда, онҳоро вазифадор сохт, ки аз ҳар дақиқаву соат самарабахш истифода баранд.

Дар бораи омода намудани барномаи фарҳангӣ ва суханронӣ барои қабули Саарвари давлат зимни сафари корӣ ба ноҳия; андешидани чораҳои қатъӣ нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода аз ҳамаи шахсони мутасаддӣ пурсиш намуда, супоришу дастур доданд, ки ҳар кас бояд кори ба зимма доштаи худро аз рўйи ҳисси масъулиятшиносии баланд ба сомон расонад.

 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай