Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - КОРРУПСИЯ АМАЛИ НОМАТЛУБ

       Солҳои охир  мубориза  дар самти муқовимат бо  яке аз амалҳои  номатлуби давр- амалҳои коррупсионӣ ҷоннок шуда истодааст. Дар ин ҷода кормандони Агентии  назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳиссаи босазои худро гузошта истодаанд. Онҳо мунтазам ба меҳнаткашон вохўрию суҳбатҳо гузаронида, оқубатҳои ин амали номатлубро ба мардум мефаҳмонанд. Ба қарибӣ дар толори маҷлисгузаронии мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  ноҳия вохўрии  Сардори  бахши муқовимат ба коррупсияи шуъбаи  минтақавиии дар шаҳри Кўлоби  Раёсати Агентии назорати давлатии молиявва мубориза бо  коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон, майори адлия Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализод бо сокинони ноҳия баргузор гардид. Ў дар мавзўи « Мубориза ба коррупсия кори дастаҷамъист» баромад намуд.  

    Дар фарҷоми баромад иштирокчиёни ҷамъомад ба баромадкунанда саволҳо дода,  ҷавобҳои мушаххас  гирифтанд.  Дар ҷамъомад ҷонишини раиси ноҳия С. Бодомзода иштирок дошт. 

  Маркази матбуоти раиси ноҳия         

 

 

 

                                                              

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай