Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - КЎПРУК ДУ ДЕҲАРО БА ҲАМ ПАЙВАСТ.

     Сокинони деҳаи навбунёди ҷамоати Қаҳрамон роҳи дурро тай  карда, хонаҳояшон мерафтанд. Бо ташаббуси ҷавонмарди  ватандўсту эҳсонкор, сокини деҳаи Марғоб Ҳакимхон Одинаев   байни  ду деҳа, ки онҳоро  ҷуйчаи Сиёҳоб аз ҳам ҷудо мекард ва роҳи гузари муносиб надошт, кўпруки бо тарзи меъмории ҳозиразамон сохта шуда, ба хизмати сокинони ду маҳалла гузошта шуд. Кўпрук  вазни зиёда аз 50 тонна борро бардоштан дошта, мушкилии сокинони маҳаллаҳоро дар бобати борбарӣ, овардани сангу шағал, гузаштани мошинҳои вазнинбор ва сабукрав дучанд осон намуд.

     -Мушкилии сокинони маҳаллаҳо аз назари оилаи Одинаевҳо  дур намонд. Мо аҳзли оила маслиҳат намуда, барои сохтани кўпрук  ва бо ҳам пайваст кардани ду деҳаи аҳолинишин иқдом кардем. Аз хазинаи оила барои  амалӣ гардондани мақсадамон 150 ҳазор сомонӣ ҷудо намудем. Бо муҳандисон ва ихтисосмандони соҳаи сохтмонӣ барои сохтани кўпрук ба мувофиқа омадем. Чун онҳо фаҳмиданд, ки мо  кори хайреро пеш гирифтаем, онҳо ваъда доданд, ки кўпруки мошингузарро дар муддати кўтох ва бо сифати баланд  бунёд мекунанд. Муддати тўлоние  нагузашта, сохтмончиён ба ваъдаи худ вафо намуданд. Ана чӣ тавре, ки дида истодаед, имрўз кўпрук дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки мардуми ҳарду деҳа ва меҳмонону сохтмончиён мавриди истифода қарор мегирад,- гуфт  ҳангоми суҳбат Ҳакимхон Одинаев.

     Ва дар ҳақикат ҳам кушодашавии кўпрук дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳия ва дигар кормандони мақомоти  иҷроияи ҳокимияти далатии ноҳия  мавриди истифодадиҳӣ қарор гирифт.

      - Ман аз он хурсандам, ки мардумони меҳнатқарини ноҳия, фарзандони бо нангу номўси онҳо  анъанаҳои беҳтарини ободкорӣ ва созандагии падару бобоёни худро сарбаландона  идома дода, барои  бо ҳам накў шудани рўзгор ва ободию сарсабзии Ватани соҳибистиқлоламон корҳои дидарасеро ба сомон расонда истодаанд. Обод кардан, зебо гардондан, бунёдкорӣ намудан -ин оини мардуми сарбаланди мо мансуб меёбад. Чунин амалҳои неки гузаштагонамонро мо имрўз бараъло эҳсос  мекунем, ки барои имрўзиён шараф аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ боифтихор қайд мекунад, ки аз азал марому мақсади ин миллати сарбаланд ободкориву созандагӣ буд. Ман ҳамчун сарвари меҳнаткашони ноҳия аз он шарафмандам, ки дар ин ноҳия мардуми эҷодкор, бунёдкор ва созанда кору фаъолият мекунанд. Ба куҷои ноҳия тақозои вазифаи хизматӣ  равам, набзи меҳнати суботкоронаро эҳсос мекунам. Дар ҳар як деҳа ва маркази ноҳия корҳои ободкориву бунёдкорӣ ба муносибати  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  рўҳияи баланди меҳнатӣ идома дорад. Ана, имрўз мо дар  ҳозирии якдигар  боз як иншоотеро мавриди  баҳрабардорӣ қарор медиҳем, ки бо  ташаббус ва олиҳимматии оилаи Одинаевҳо сохта ба истифодаи умум гузошта мешавад. Ин кўпруки аз имрўз эътиборан мавриди истифода қарор мегирифтагӣ  ду деҳаро бо ҳам мепайвадад ва  меҳру муҳаббати одамонро ба ҳам боз зиёдтар мекунад,-гуфт дар суханрониаш  муҳтарам Б.Одиназода.

     Сипас дар ҳозирии аҳли ду деҳа, соҳибкорони маҳаллӣ, меҳмонони ба тантанаи кушодашавии кўпруки нав омада, муҳтарам Б. Одиназода лентаи рамзии кўпрукро бурида, роҳро мавриди истифодабарӣ қарор дод.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай