Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТАШРИФИ САРВАЗИР ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ВА РАИСИ ВИЛОЯТ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Баъд аз зуҳри 4 май Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати ҳамроҳонашон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд.

Нахуст, онҳо бо ҳолати шоҳроҳи аҳамияти ҷумҳуриявидошта, ки чанде пеш аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ таъмиру бозсозӣ шудааст, шинос шуданд.

Ин роҳ аз даромадгоҳи ноҳия то шаҳраки Москва 13,1 километрро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар даромадгоҳи ноҳия бунёди муҷассамаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сипас, гурӯҳи корӣ бо сарварии Сарвазири мамлакат аз рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли намаки ошӣ дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти “Меҳнатобод” боздид ба амал оварданд.

Корхонаи мазкур ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурҳо аз Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чорум бунёд гардида истодааст.

Маълумот дода шуд, ки корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Сайфуддин Насриддинов дар масоҳати умумии 720 м2 бо таъмини таҷҳизоти муосир аз хориҷи кишвар бунёд гардида истодааст. Баъди ба истифодабарӣ супурдани он барои беш аз 20 нафар ҷойи корӣ муҳайё мегардад.

 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай