Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - АГАР ДОНИШАТ БАЛАНД БОШАД

               Солҳои охир дар Маркази миллии тестии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо нафар  хатмкунандагони муассисаҳои таълимии  ҷумҳурӣ  тавассути  ин Марказ донишҳои аз худ кардаашонро дар амал  нишон медиҳанд, месанҷанд. Чунин усули қабул имконият фароҳам меоварад, ки довталаб  ихтисосҳои ба худ писандидаро бе ҳеҷ дудилагӣ  интихоб намуда, дар ин росто дониши худро бисанҷад ва агар дониши кофиеро аз худ карда бошад, оянда аз  рўйи касби интихобкардааш фаъолият намояд.  Маркази тестие, ки довталаб дар он имтиҳон месупорад, ба тариқи одилона ва ҳақиқатнигорона дониши аз худ кардашро  муайян намуда, ўро ба сўйи  қуллаҳои мақсудаш раҳнамоӣ мекунад. Соҳибкасби оянда  дар доираи дониши худ метавонад, ба кадомин  мактаби олӣ,  миёнаи касбӣ, коллеҷҳои интихобкардааш шомил шавад. Чунин усул- муайян намудани дониши хонандагон дар Марказҳои тестӣ  он ташвишу тараддудҳои солҳои пешинро аз қабили хароҷоти ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси дур аз зодгоҳ рафтанро ва  исрофи беҳудаи маблағу вақтро  барҳам медиҳад. Волидон бошанд, аз ташвиши зиёдатии аз қафои фарзандонашон ба шаҳрҳо рафтан озод мешаванд. Довталаб дар Марказҳои тестӣ дар ҳузури ихтисосмандони ботаҷрибаи  фанҳои гуногун  дар  компютер имтиҳон супорида, дониши дар давоми даҳ сол аз худ намудаашро  нишон медиҳад. Бо чунин тарз супоридани имтиҳон барои дохил шудан ба Донишкадаҳои олии интихобкардаи довталаб ва коллеҷҳо басе одилонаю бе фишори беруна суръат гирифта, он довталабе ҳуқуқуи дохил шудан ба Донишкадаву коллеҷи интихобкардааш мегардад, ки  дониши мукаммалро аз худ карда бошад. Чунин усули санҷиш тавассути Маркази тестӣ дар ноҳияи худамон низ  чанд сол боз амал мекунад. Хонандагони  хатмкунандаи муассисаҳои таълимӣ дар Маркази тестии ноҳия ҳар сол имтиҳон супорида, онҳое, ки дониши хубро дар давоми дар мактаб хонданашон соҳиб гардидаанд, муваффақият насибашон гашта, ба мақсадҳои дар пеш гузоштаи  худ сарбаландона  мерасанд. Масалан, имсол 2012 нафар хонандагон муассисаҳои  таълимии ноҳияро хатм мекунанд. Аз ин шумора то имрўз  (яъне дар нуқтаи бақайдгирии  Маркази милли тестии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)  1759 нафар ҳуҷчат супорида, аз қайд гузаштанд, ки 87 фоизи хатмкунандагонро   ташкил мекунад. Ба маврид аст қайд намоем, ки аз ҳисоби  хатмкунандагони имсола  55 нафар ба мақомотҳои қудратӣ, 18 нафар тибқи Квотаи Президентӣ, 21 нафари дигар барои идомаи таҳсил  дар Донишкадаҳои хориҷи кишвар  ҳуҷчат супориданд, ки дар маҷмўъ   1853 нафарро ташкил намуда, баробари 92,9 фоизи нақша мебошад.  Имтиҳонҳо дар Маркази тестӣ идома доранд ва мо албатта, нақшаи ба зимма гирифтаамонро сарбаландона сомон медиҳем.

Маркази матбуоти раиси ноҳия                                                                          

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай