Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МО ЗАФАР КАРДЕМ

     Зери ҳамин гуфтаҳо намоиш- чорабнии  театркунонидашуда дар ноҳия б муносибати ҷашни 76-солагии иди Ғалаба дар вазъияти тантанавӣ  баргузор гардид, ки басе шавқовару хотирмон буд. Сараввал иштирокчиёни ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнати ноҳия дар пояи муҷассамаи « Модари гирён»  гулчамбар гузошта бо лаҳзаи оромӣ хотири онҳое, ки дар сангарҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ  барои ҳимояи Ватан ҷон нисор кардаанд ва онҳое, то Рўзи Ғалаба умр вафоиашон накард, ёдоварӣ намуданд. Сипас, раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат муҳтарам Б.Одиназода  ва раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Ш.Раҳимов  дар бораи корнамоии фарзандони тоҷик, ҷасорату қаҳрамонии онҳо  дар давраи  Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва корнамоии онҳо дар  сангарҳои хунини ин ҷанги ҷаҳонӣ  баромад намуданд.  Хотири иштирокчиёни тантанаи ҷашниро намоишҳои театркунонидашудаи мактаббачагони мактабҳои ҳудуди шаҳрак ва ҳофизону раққосони Филармонияи мардумии ба номи устод Одина Ҳошимови ноҳия  болида гардонданд.

         Иди рўзи Ғалаба дар тамоми Ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия,  аз ҷумла дар мактабҳо дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардид. Чунин чорабиниҳо дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намудани насли наврас кўмаки асосӣ расонда, дар ниҳоди онҳо дўст доштани Ватан ва хоки муқаддаси онро бедор мекунад.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай