Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ЯРМАРКАИ МАҲСУЛОТҲОИ НИЁЗИ МАРДУМ

                            

          Бо супориши раиси ноҳия муҳтараб Б.Одиназода дар арафаи иди саиди  Рамазон дар назди бозори марказии ноҳия ярмаркаи фурўши маҳсулотҳои ниёзи аввали мардум баргузор гардид. Дар ярмаркаи омоданамуда, даҳҳо намуд маҳсулотҳо ба фурўш гузошта шуда буданд.

          -Ярмаркаи ташкилнамуда дар он фарқ мекард, ки нархҳои фурўши маҳсулотҳои дар он ба харидорон пешкаш шудагӣ нисбати нархи бозор хеле арзон ва хушсифат буданд. Ин  имконият дод, ки дар арафаи иди Рамазон харидорон  бо нархҳои дастрас талаби худ қонеъ гардонанд,- гуфт  зимни суҳбат ҷонишини раиси ноҳия, мутасаддии ташкил намудани  ярмарка С.Бодомзода.

           Ҳангоми суҳбат бо харидорон ҳис карда мешуд, ки  онҳо аз ин иқдоми наҷиб изҳори  қаноатмандӣ мекунанд.

           -Раҳмат ба ташкилкунандагони ярмарка, ҳис карда мешуд, ки нархи маҳсулотҳо нисбати нархҳои бозор хеле арзонанд. Махсусан, маҳсулотҳои кишоварзӣ аз қабили биринҷ, картошка, карам, сабзӣ, боимҷон ва ҳатто гўшт нархҳои дастрас доштанд. Эҳсос мекардӣ, ки ин маҳсулотҳо дастранҷи кишоварзон ва чорвопарварони ноҳияи худамон ҳастанд,аз нархҳои ярмарка  изҳори қаноатмандӣ   намуда гуфт  сокини ноҳия, ветерани меҳнат  Ш.Раҳимов.

       Ярмарка то бегоҳ идома ёфта, тамоми  маҳсулотҳои ба он овардашуда ба савдо рафтанд.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай