Зери ҳамин шиор дар китобҳонаи марказии ноҳия бо ташаббуси директори он Абдулм-аҷид Абдулхайров бахшида ба 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинии хотирмон баргузор гардид. Дар чарабинӣ қатори хонандагон боз ветеранҳои меҳнат, онҳое, ки дар ақибгоҳи ин ҷанги ҷаҳонӣ баҳри ғалаба меҳнати фидокорона кардаанд, ширкат варзиданд.
Сараввал Абдулмаҷид Абдулхайров ба ҳозирбудагон дар бораи сабабҳои оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оқибатҳои харобиовари он, қурбониёни ин ҷанги шум ва билохира ғалабаи халқи Шўравӣ дар ин ҷанг муфассал маълумот дод.
Сипас, хонандагон аз лаҳзаҳои ҷанг, қаҳрамонии аскарону афсарони дар давраи ҷанг корнамоӣ нишон дода, порчаҳои шеърӣ ва насрӣ қироат намуда, саҳначаҳо намоиш додаанд.
Ба маврид аст қайд намоем, ки сари ҳар чанд вақт бо ташаббуси директори он дар ин махзани илму маърифат бо иштиоки васеъи хонандагон ва омўзорони мактабҳо, собиқадорони меҳнат, дорандагони ордену медалҳои давр чорабиниҳо созмон дда мешавад. Ин чорабиниҳо баҳри дар рўҳияи баланди ватандўстӣ тарбия намудани насли наврас ва ҳисси ватандўстии онҳо кўмаки асосӣ мерасонад.
Маркази матбуоти раиси ноҳия

