Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Мубориза бар зидди терроризм вазифаи ҳар яки мост

       Яке аз бузургтарин таҳдидҳои замони муосир, ки бехатарии ҷомеаҳо ва тамаддунҳоро такон медиҳад, ин хавфи терроризм мебошад. Дар доираи ҳамин таҳдидҳо махсусан терроризми сиёсии дорои характери диниро бояд қайд намуд, ки давлатҳои Шарқро фаро гирифтааст. Ҳанўз дар солҳои 90-уми асри ХХ Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»-ро қабул кард (ноябри 1999) ва мутобиқи он вазифаҳои ниҳодҳои давлатӣ ва шаҳрвандон дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳо дар самти терроризм муайян карда шуданд. Қонуни мазкур инчунин таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ҷамъият ва давлатро тавассути фароҳам овардани механизми ҳуқуқии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблаѓгузории терроризм танзим ва асосҳои ҳуқуқии онҳоро муайян намуд.

       Толибон, Ал-Қоида, Ихвон-ул-муслимин, Лашкари таййиба, Сипоҳи саҳҳоба, Ҷайш-ул-Ислом, ДОИШ ва даҳҳо гуруҳҳои дигари террористӣ имрўз дар давлатҳои Шарқ зери ниқоби динӣ пинҳон шуда, амалиётҳои ѓоратгарӣ ва ҷиноятҳои зиддиинсониро содир мекунанд. Бо истифода аз технологияи сиёсӣ ин гуруҳҳои террористӣ мехоҳанд худро ҳамчун ҳизб ва ҳаракати сиёсӣ муаррифӣ намоянд, аммо дар асл кирдори онҳо сифр ҷиноят ва зидди Ислом мебошад. Чуноне, ки Пешвои миллат қайд намуданд, „терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ѓайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усул ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст“. Хатари иҷтимоии ин намуди ҷиноят бештар аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки дар баъзе мавридҳо ҷавонон ба таѓриб ва фиреби ин қувваҳои сиёҳкор, ки худро ҳамчун „муборизони роҳи дин“ муаррифӣ мекунанд, бовар карда, ба ин ҷинояткорон мепайванданд.

        Дар мисоли чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм, экстремизм, ҷинояткории трансмиллӣ, қочоқ ва муомилоти цайриқонунии маводи мухаддир, мо мушоҳида мекунем, ки чи гуна шахсони алоҳида, ташкилотҳо ва ҳатто давлатҳо равандҳои глобализатсиониро ба манфиати худ истифода мебаранд. Қисме аз чунин ҷинояткорон дар зери ниқоби «гурезаи сиёсӣ» дар давлатҳои Аврупо пинҳон шуда аз он ҷо барои ноором кардани авзои Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Миёна нақша мекашанд ва хатарҳои террористӣ эҷод мекунанд.

       Илова бар ин, шакли нави ҷиноятҳо ба монанди киберҷиноят – ҷиноят бо истифода аз технологияи компютерӣ ва интернет дар сатҳи давлатҳо ва гуруҳҳои алоҳидаи террористӣ рў ба афзоиш дорад. Бо дарназардошти чунин хатар, вазифаи мо дар он аст, ки дастовардҳои худро ҳифз намоем, зеро онҳо ҷаҳонбинии мо, назарияи миллии мо ва саҳми мо дар тамадуни ҷаҳонӣ мебошанд ва маҳз аз рўи ҳамин дастовардҳо моро дигар халқу миллатҳо хоҳанд шинохт.

Саидасанов Ю.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай