Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҳадафи ғаразнок ҳеч гоҳ ба мақсад намерасад

       Солҳои охир чи дар расонахои иттилоотӣ ва чи дар суханрониҳои сабти видеои аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, созмонҳои ғайрирасмӣ, ҳизбҳои маҳкумшуда, дар нисбати системаи сиёсии ҷомеа, сохти конститутсионии давлат ва сохтори идоракунии он тафаккуру андешаҳои дур аз мантиқ ва беасос гуфта шуда истодаанд. Оид ба фаъолияту амали ин гурӯҳҳо ва ҳизбхо дар тамоми расонаҳо ва маҷаллаҳои дохиливу берунӣ маълумот баррасӣ гардиданд, ки тамоми қишриҳои ҷомеа ҳадаф, мақсад ва марому ниятҳои эшонро хуб дарк карда истодаанд. Дар аввал ин гуруҳҳо худро пайрави ҳизби маҳкумшудаи ХНИТ шуморида, дар дохили давлати азизамон - Точикистон фаъолият намудаанд. Вале тахлилхо ва натичахои мушаххас нишон додаанд, ки фаъолияти онхо на барои давлату миллат, на барои халку чомеа, балки танхо барои хадафи шахсии хеш буду халос. Кас ба хайрат меафтад, ки дар замони фаъолияташон, хам нону намаки давлатро мечашиданду хам ба таври пинҳонӣ молу амволи давлатро ба таври ғайрирасмӣ моли худ мекарданд ва дар айни замон ҳам нақшаи аз байн бурдни давлатро мекашиданд. Мисоли мушаххаси ин гуфтахо накшаи муташаккили ҷиноии Хоҷи Ҳалим ва хамаслаконаш шуда метавонад. Эшон аз оғози фаъолияташон то ба имруз нияту орзуву омоли онхо танхо пеш бурдани максаду мароми нопоки худ ва ба ин васила пурзур намудани мақому мартаба ва нуфзи худ дар чомеа буд. Вале хушбахтона хиради азалии халқи точик ва алалхусус кормандони Амнияти миллии Точикистон тавон дод, ки аз максадҳои нопокашон огоҳӣ пайдо намуда, онхоро дастгир намудаанд. Баъди ба таври расми маҳкум кардани фаъолияти ХНИТ дар Чумхурии Точикистон, ин гуруххо мавкеву макомашонро дар хоричи кишвар мустахкам сохта, дар панохи хочагони хоричиашон паногох бурда, боз нисбати кишварашон, ки онхоро дар канори худ парвариш намуда, ба воя расонд сангпартоиро огоз намудаанд. Аниқан бояд кайд намоем, ки ин гуруххо ба таври пурра аз тарафи хочагони хоричиашон дастгирии моддиро гирфта, ба хар амалу рафтори нопок даст хоханд зад. Барои онҳо мафхумхои модар, ватан, миллат, халк, кишвар бегона буда, идеали асосии онхо хочагони хоричии онхо мебошанд.

       Фаъолияти дар хориҷи кишвари онҳо аз таъсир расондан ба тафаккури халқҳои кишварамон алалхус ҷавонон шурӯъ гардид. Яъне ҳадафи онҳо ин дигаргун сохтани системи тафаккури ҷавонон буд. Бо ин васила эшон ният доштанд, ки ба тафаккури ҷавонон таъсири манфӣ расонида, андешаи онҳоро нисбати кишвари азизамон дигар намоянд. Вале эшон боре ҳам андеша накардаанд, ки ҷавонони имрӯза дорои нерӯи балнди ақлонию зеҳнӣ қарор доранд ва ҳеҷ гоҳ ба гуфтору амалу нияти нопокашон боварӣ надоранд. Агар сареҳан ба гуфтору суханашон гӯш андозем, сухан фақат аз бобати дигаргун сохтани фазои орому осоишта, танқиди беасоси қишриҳои мухталифи кишвар, тафриқаандозиву ҷудоиандозӣ миёни халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноором сохтани вазъи сиёсии ҷомеа ва ҳоказҳо мебошд. Ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ хотир аз бобати ободиву созандагӣ, бунёдкориву сарҷамъии миллат, фазои орому тинҷ, рушду нумӯъи ҳамаҷонибаи кишвар сухан намеронанд. Маҳз аз ҳамин ҷо метавон хулоса кард, ки ин гуруҳҳо ин гунна ободкориву созандагиҳоро нодида мегиранд ва фақат зери амру ливои хоҷагонашон фаъолият намуда, ҳадафи худро амалӣ менамоянд. Бо садҳо далел метавон исбот кард, ки ин гуруҳҳо ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу кишвар кор нахоҳанд кард, балки ҳадафи шахсии худро амалӣ месозанду халос.

        Соли 2013 дар интихоботи Президенти кишвари азизамон Тоҷикистон, аз ҷониби ин гуруҳҳо ва ҳизбҳо ҳар гунна овозаҳою иттилооти бардурӯғ дар расонаҳо паҳн карда шуд. Ҳамон замон низ онҳо тамоми пешрафту тараққиёти кишварро нодида гирифтанд, нисбати заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешҳои ғаразнок баён намудаанд. Ҳоло он, ки аз тарафи тамоми сиёсатмадорони дунё ба фаъолияту заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода шуд. Ҳамон вақт низ мехостанд, ки дар байни мардум тафриқаандозӣ намоянду мамлакатро ноором созанд. Вале хушбахтона боз нияту амали нопокашон амлӣ нагашт.

Сайфуллоев Д.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай