Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Форуми тиҷоратӣ ва намоишгоҳи «Бохтарфуд-2021»

      Имрӯз дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар Форуми тиҷоратӣ ва намоишгоҳи «Бохтарфуд-2021» баргузор гардид. Айни замон дар майдони 70-солагии Водии Вахш намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бо сифат, инчунин маҳсулотҳои саноатӣ ба роҳ монда шуда истодааст.

      Мақсад аз баргузории форуми тиҷоратӣ густариши муносибатҳои хориҷӣ бо ҷонибҳои дахлдор, тақвият бахшидани фаъолият дар самти содирот ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ арзёби мегардад. Ба Форуми тиҷоратии «Бохтарфуд-2021» меҳмонон аз давлатҳои Узбекистон, Афғонистон, Россия, Беларусия, Эрон ва Украина ва намояндагони барномаи ЮСАИД ташриф меоранд.

       Дар Форуми мазкур ба имзо расидани қарордоду созишномаҳои ҳамкорӣ миёни доираҳои соҳибкорӣ, муаррифии имкониятҳои сармоягузории вилоят ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар назар аст.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай