Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МЕВАҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

 

        Ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон дар моҳи май -дар ҳудуди ноҳия 18- корхонаҳои  саноатӣ ва иншоотҳои  хизматрасон ба истифода дода шуданд.

       Меҳнаткашони ноҳия баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  суботкорона меҳнат намуда, нияташон бо тўҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани ин ҷашни ифтихории миллӣ мебошад. Дар радифи дигар соҳаҳои кишоварзии ноҳия, ки сол аз сол рушд ёфта истодааст, ба ободкориву созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳам диққати ҳаматарафа дода, дар ин самт ба дастовардҳои дидарас ноил гардида истодаанд. Дар тамоми ҳудуди ноҳия корҳои ободкориву созандагӣ ба суръати баланд маҷро доранд. Моҳе даҳҳо иншоотҳои хизматрасонӣ, клубу китобхонаҳо, роҳҳои ба талаботи роҳсозии ҳозиразамон мувофиқ, корхонаҳои коркарди маҳсулот, сехҳои дўзандагӣ, сартарошӣ дар маҳаллаҷойҳо дар вазъияти тантанавӣ дари худро ба рўйи корафтодагон   боз карда, ба хизмати меҳнаткашон вогузор карда мешаванд. Танҳо дар давоми моҳи май  дар Ҷамоатҳои  шаҳраки Москва, Қаҳрамон, Меҳнатобод, Даштигуло, Панҷрўд, ба номи Турдиев, Панҷоб ва Чубеки  ҳудуди ноҳия 18- адад корхонаҳои саноатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, китобхона ва дигар  нуқтаҳои қонеъкунандаи талаботи мардум ба истифода дода шуданд.

      Чанде пештар  дар ҳозирии раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат муҳтарам Бозоралӣ Одиназода, аъзоёни ҳукумат, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо  -  корхонаи коркарди намаки ошӣ, корхонаи коркарди нафт, марказҳои савдо, сартарошхона, сехи дўзандагӣ, толори арўсӣ, роҳҳои асфалкарда (аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ), нуқтаи фуруши сўзишворӣ, насби дарвозаҳо, ба оби нўшокӣ таъмин намудани аҳолӣ дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

      -Он чи, ки дар давоми солҳои охир дар ноҳия дар самти ободкориву созандагӣ ба амал омад, ҳамааш меваҳои  неъмати бузург-Истиқлоли Ватани озоду оромамон мансуб мешаванд, ки аз ғояҳои  бунёдкориву созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои муаззами миллат, Сарвари мулкамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  манша мегиранд. Мамлакати тоҷикон бо сарвари ин марди сиёсатмадори  сатҳи ҷаҳонӣ роҳеро тай намуд, ки мо онро садсолаҳо орзу мекардем ва он орзуҳои моро, орзуҳои миллатро ҷаноби Олӣ  дар даврони Истиқлол сарбаландона амалӣ намуда истодааст,-гуфт ҳангоми кушодашавии корхонаи коркарди намаки ошӣ дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, собиқ раиси хоҷагӣ, ҳоло нафақахўр Икром Исмонов.

       Меҳнаткашони ноҳия тасмим гирифтанд, ки то рўзи ҷашни ин санаи муҳим боз даҳҳо иншоотҳои дигари хизматрасонро, ки дар беҳ шудани зиндагии мардум нақши калидӣ мебозанд, ба истифада диҳанд.             

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай