Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - БАСЕ ШАВҚОВАР ГУЗАШТ

        Ба муносибати «Рўзи байналмилалии муҳофизати кўдакон» дар ноҳия чорабиниҳои гуногун суръат гирифтанд, ки дар онҳо кўдакону наврасон ва мактаббачагон  фаъолона ширкат варзиданд. Чунин як чорабинии хотирмон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи  рақами 14 баргузор гардид. Дар чорабинӣ аз тамоми мактабҳои ноҳия наврасону хонандагон ширкат варзида  дар озмунҳои « Кўдакон  ояндаи моанд» ва « Мо насли даврони Истиқлол» фаъолона ширкат варзиданд. Дар озмун дастоварҳои наврасон  ба марази тамошо гузошта шуда буд. Ба тамошобинон  маҳсули дастони тарбиягирандагони боғча-яслиҳои рақами 1, 2,4, ҳунари сарояндагӣ ва ровигии толибилмони  мактабҳои рақамҳои 12, 13,20, Литсей ва гимназияи давлатӣ писанд омад. Махсусан, маҳсули дастони тарбиягирандагони яслӣ-боғчаҳо, тарзи шеърхонию қироати шеърҳо, малакаҳои донишандўзии онҳо мақбули  ҳакамон ва тамошобинон гардид. Ҷамъбаси  чорабинӣ ғолибонро муайян намуд. Аз ҳисоби тарбиягирандагони яслӣ-бғчаҳо ҷойи аввал ба тарбиягирандагони яслӣ-боғчаи  рақами 1, ҷойҳои дуюму сеюм бошад ба тарбиягирандагони яслӣ-боғчаҳои рақамҳои 2 ва 4 лоиӣ дониста шуд.  Дар намуди мусобиқат ровигӣ байни талабагон хонандагони  Литсейи давлатии ноҳия ва гимназия ҷойи якум, мактаби миёнаи рақами 13 ҷойи дуюм ва мактаби миёнаи рақами 20 ҷойи сеюмро ишѓол намуданд. Дар намуди сарояндагӣ  ҳакамон якдилона ҷойи аввалро ба хонандагони мактаби рақами 20 лоиқ донистанд. Дар намуди рассомӣ бошад, ҷойи аввалро  рассомони ояндаи мактаби миёнаи рақами 12 соҳиб шуданд.

      Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ «Ифтихорнома»-и шуъбаи маориф ва тўҳфаҳои ҳавасмандкунии ташкилоти ғайридавлатии « Зардшедабону» супурда шуд. Чорабинии «Рўзи муҳофизати байналмилалии кўдакон»  басо рангину шавқовар маҷро гирифта, хотирмон ба охир расид.

 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай