Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез

 

          «Терроризм ва ифротгароии хушунатомез (экстремизм) тули солҳои охир боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳои алоҳида, ниҳодҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ гардидааст. Амалҳои террористӣ ва фаъолияти экстремистӣ дар гўшаҳои гуногуни олам боиси бо ҳам задании низомҳои сиёсӣ, амнияту суботи мардум, куштори аҳолии осоишта, аз ҷумла занону кўдакон гардидаву рушди минбаъдаи кишварҳоро ба даҳсолаҳо ақиб андохтааст.» Ин амалҳо собит месозанд, ки терроризм ҳамаи арзишҳои маънавӣ ва инсониро сарфи назар месозад. Илова бар ин, экстремизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷои аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифтааст ва ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон- дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш ба миён ояд. Хусусан, баъди сукути Иттиҳоди Шуравӣ созмонҳо ва ҳаракатҳои нав баромади диниву сиёсӣ вусъат ёфта, бархе аз онҳо дар кишварҳо ва минтақаҳои мусулмоннишини собиқ Шуравӣ роҳ ёфтанд.

         Мисоли равшани чунин созмону ҳаракатҳои барои фазои анъанавии динии Тоҷикистон бегона, Ҳизби таҳрир ва Салафия мебошанд, ки дар даҳсолаҳои нахустини замони истиқлолият ба ин ё он роҳ ба кишвари мо ворид шуда, набзи ҳаёти динию сиёсии кишварамонро халалдор мекарданд. Умуман, таҳти мафҳуми «Созмон ё ҳаракатҳои исломӣ» қувваҳои гуногунро фаҳмидан мумкин аст. Бархе аз чунин созмонҳо ва ҳаракатҳо хусусияти экстремистӣ дошта, фаъолияти онҳо дар аксарияти кишварҳои исломӣ мамнўъ мебошад.

        Гурўҳи дигари чунин созмонҳо ва ҳаракатҳоро ҳизбҳо ва созмонҳое ташкил медиҳанд, ки дар арсаи ҳаёти сиёсии куишварҳои исломӣ озодона ва бо иҷозати қонун амал намуда, барои бунёди давлат ва ҷомеаи исломӣ тибқи меъёрҳои шариат идора кардани соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мубориза мебаранд. Аммо дар байни чунин ҳаракатҳо қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ низ вуҷуд доранд, ки онҳо вазъи ҳаёти сиёсию чамъиятиро дар ҳар як кишвар халалдор намуда, барои расидан ба хадафи худ аз ҳеҷ гуна роҳу воситаҳо, ҳатто аз террор ва зўроварӣ низ рў намегардонанд. Маҳз ҳамин гуна қувваҳои тундрав барои ба даст даровардани ҳадафи сиёсии худ раванди осоиштаи ташаккул ва такомули ниҳодҳои демократӣ дар кишварҳои исломиро ба вартаи буҳронҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ тела медиҳанд.

       «Омили аз ҳама таҳаммулнопазир дар ин раванд роҳандозии амалҳои террористӣ ҳам аз ҷониби кишварҳои алоҳида ва ҳам аз ҷониби гуруҳу ҳаракатҳои номатлуб махсуб мешавад, ки ба номи дини муқаддаси Ислом рабт дода мешаванд. Ҳол он, ки Паёмбари Ислом фармудаанд: «Аз уммати ман нест касе, ки байни мусулмонон тафриқаангезӣ мекунад». Онҳое, ки ин иттиҳомро ба муқобили ислом нигаронидаанд, ғофил аз онанд, ки дини муқаддаси илоҳӣ аз ибтидоҳи зуҳури худ ва арзишҳои баланди ҳифзи ҷон, мол ва эътибори инсон ҳимоят мекунанд.

       «Метавон таъкид намуд, ки маҷбурсозӣ, шиканҷа, қатлу ғорат, таҳрибкории имрўзаи гуруҳҳо, созмону ҳаракатҳои ба ном «исломӣ» роҳи ғалат буда, бар мухолифи аҳдофи олии дини муқаддас сурат мегиранд»,-таъкид кард Раиси Шурои уламои Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Абдулқодирзода.

       Ба ҳамагон маълум аст, ки дар кадом гўшаву канори дунёе, ки амали террорист= содир нашавад, ьаыониён ангушти ишорат зидди дини мубини ислом рост менамоянд, ки ин саҳеҳият надорад. Аммо, мутаасифона, ҷаҳони ислом дар вартаи ҷангу ҷидол ва сиёсишав= қарор дорад ва дахолати абарқудратҳо вазъияти бе ин ҳам бади кишварҳои исломиро боз хам тезу тунд мегардонад.

       Ангела Меркел- канслери Олмон, дар яке аз баромадҳояш нисбат ба дини мубини ислом ва мусулмонони ҷаҳон иброз дошта буд: «Ҳинду Чин наздик ба 2,5 миллиард аҳолӣ, 150 Худо ва 800 ақидаи мухталиф доранду дар вазъи сулҳ зиндагӣ мекунанд. Мусулмонон як Худо, як пайғамбар ва як китоб доранд, вале хиёбонҳояшон аз хуни ҳамдигар сурх шудааст. Қотилаш мегўяд: «Оллоҳу Акбар!» Зарардидааш ҳам мегўяд: «Оллоҳу Акбар!». Ва куштаҳои ду тараф «шаҳид» номида мешаванд. Ин дард аст, ки мутаваҷҷеҳ нестем, дин чист».

         Таърих дар тўли солҳои зиёд исбот намудааст, ки заррае ғофил мондан аз кирдору хиёнаткории афроде, ҷавоб нагардонидан ва ё пешгирӣ накардани ҳодиса ва ё раванди манфие метавонад ҷомеаро ноором созаду ба вартаи ҷангу хунрезӣ кашида, қаламрави кишварро ба тақсимшавӣ оварда расонад ва заминаҳои ташвиқу тарғиби бегонапарастиву зидди миллиро ба вуҷуд оварад.

Боиси нигаронист, ки қисмате аз ҳамватанони мо нисбат ба арзишҳои миллию давлатӣ мавқеи бетарафӣ ва бегонапарастиро ихтиёр намудаанд. Ин амал, ба раванди муттаҳидӣ ва якпорчагии кишвари азизамон монеа ба вуҷуд оварда, ба миллат ва давлати соҳибистиқлоли мо хатарҳо эҷод мекунад.

        Бояд ёдовар шавем, ки ҷанги хунини бародаркуши солҳои 90-уми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натичаи он садҳо ҳазор кушта шуданд, Ватан харобу валангор гардид, як миллион нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ватанро тарк намуда, теъдоди зиёди ходимони давлатӣ ва олимон қатл карда шуданд, маҳз бо дасисаи ташкилоти террористии наҳзати Ислом сар зад.

        Аъзо ва роҳбарони наҳзат, ки афроди манфиатҷў ҳастанд, барои онҳо ақида ва ҳисси миллӣ умуман вуҷуд надорад. Ҳанўз ҳам афроди боқимонда аз ҳисоби роҳбарону пайравони ин ҳизби ифротӣ аз хориҷ истода, ба кишвари мо санги маломат мезананд ва ба ҳар роҳу восита кўшиш менамоянд ба сафи худ ҷавонони ноогоҳро шомил намоянд, вале онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳадафҳои нопоки худ нахоҳанд расид.

       Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки муборизаи сиёсии созмонҳо ва ҳаракатҳои тундраву ифротгаро омили нахустини бўҳронҳо ва муташанниҷ шудани вазъи ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳои исломӣ маҳсуб мешаванд. Нигоҳи ифротгароӣ хело решаи чуқур дошта он ҳеҷ гоҳ алока бо дину миллат надорад ва ҳудуди ягон мамлакатро эътироф намекунад.

       Дар олами муосир шумораи аниқи гурўҳҳо ва ташкилотҳои террористиро муайян намудан номумкин аст. Зеро иттиҳодияҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳадафҳо ва фаъолияту амалашонро махфӣ медоранд. Набудани меъёрҳо ва қоидаҳои асосию умумии муносибат ба иттиҳодияҳои террористию экстремистӣ корро мушкил мегардонад. Аммо ташкилотҳои калонтарини террористон хоҳу нохоҳ аз худ дарак медиҳанд ва мунтазам ба амалҳои террористӣ даст мезананд. Дар шароити ҳозира бештар дар бораи як қатор ташкилоти овозадори террористӣ андешаҳо иброз менамоянд ва амалҳои зидди террористӣ низ асосан муқобили онҳо нигаронида шудаанд.

         Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар дар соҳаи дин ба амал меояд. Гуруҳҳои экстремистӣ ба ҷавонон ва духтароне таваҷҷўҳ мекунанд, ки ба ҳурофотҳои динии кўҳнапарастӣ гирифтор шудаанд ва ё дар зиндагӣ аз чизе рўҳафтода ва ноумед гардидаанд, боиси ба доми ифротиҳо афтодани онҳо мебошад. Натиҷаи чунин тағрибот буд, ки шумораи ҷангиёни тоҷик, ки дар ҷангҳои Сурияю Ироқ иштирок намудаанд зиёда аз 300 нафарро ташкил медод, қисми дигари ҷавонон дар ҷангҳои Ховари Миёна беҳуда ҷон бохтанд.

Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки расонаҳои технологияҳои иттилоотии муосир ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби гурўҳҳои махсуси ифротгарову фитнаҷў барои таблиғи ақидаҳои тундгароёнаи худ моҳирона истифода мешаванд. Ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомоли Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки «Масъалаи мубориза бар зидди терроризм, хурофотпарастию ифротгароӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад».

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай