Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - РАИС СУПОРИШИ ҚАТЪӢ ДОД.

        Ба қабули раиси ноҳия муҳтарам Б.Одиназода дар рўзи шанбе  корафтодагони  зиёде барои ҳоҷати хеш баровардан омада буданд Раис ҳамаи омадагонро қабул намуда, дар хозирии роҳбарони ташкилоту муассисаҳо барои сари вақт қонеъ намудани талабу дархости  корафтодагон ба онҳо супориши қатъӣ дод. Ба  қабули раис омадагон асосан дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои хонаи истиқоматӣ, хоҷагии деҳқонӣ, муноқишаи ҳамсоягӣ оиди замини наздиҳавлигӣ,  нарасидани би  полезӣ, ёрии мўҳтоҷону  камбизоатон  суҳбат мекарданд.  Раис онҳоро бодиққат шунида ба роҳбарони  шикояту дархостҳо ба онҳо вобаста буда, супориш дод, то дар муддати кўтоҳ ба омадагон ёрӣ расонанд.

   -Набояд фаромўш кард, ки ҳар як корафтода ба ҳукумат бо умед  барои амалӣ гаштани талабу дархостҳояш меояд. Вазифаи мо роҳбарон бошад, аз он иборат аст, ки ин талабу дархостҳоро ҳаматарафа омухта, санҷида ба соҳибонашон дар муддати кўтоҳ  ҷавоб гардонем, ёрӣ расонем ва мақсадашонро амлӣ намоем,-гуфт ба  роҳбарони дар рўзи қабул ҳузур дошта.

 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай