Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҲАМА БА ҲАШАР БАРОМАДАНД.

        Бо супориши раиси ноҳия муҳтарам Б.Одиназода тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳия барои ба тартиб даровардану тоза кардани роҳу ҷойҳои истироҳатӣ якдилона ба Боғи фарҳангиву истироҳатии маркази ноҳия ба ҳашар баромада буданд. Чӣ тавре, ки қаблан иттилоъ дода будем, бо дастгирию мадар ва  саховатмандии ҷавонмардони олиҳиммат Боғи  фарҳангиву истироҳатии ноҳия аз сари нав насозӣ шуда, ба яке аз марказҳои маъданӣ-маърифатии ноҳия мубаддал мегардад. Сохтмону аз навсозии ин макони фароғатии меҳнаткашон дар арафаи ба анҷом расидан мебошад. Боғи мазкур дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлолият  ботамом ба истифода дода мешавад. Чавре, ки ба мо гуфтанд, корҳои сохтмонӣ, зебогардонии боғ аллакай дар арафаи ба итмом расидан мебошанд. 

       -Ҳар як фарди ватандусту боғайрат бояд ҳиссаи худро дар ободиву сарсабзии диёри азизаш гузорад. Аз ин рў, мо тасмим гирифтем, ки дар радифи ҷавонмардони олиҳиммат ва созанда, мо низ ҳиссаи худро дар ободии Боғи фарҳангиву истироҳатии ноҳия гузорем. Охир баъди ба охир расидани корҳои сохтмонӣ ва зебогардонӣ ин макони истироҳати меҳнаткашон мегардад. Аз ин рў, ҳар як сокини ноҳия бояд барои тезтару сифатнок ба анҷом расондани ин макони маърифатӣ ҷидду ҷаҳд намояд. Ана барои амалӣ гаштани ин гуфтаҳоямон аҳли коллективи коргарони мо ва боз даҳҳо коллективҳои дигари ноҳия бо таклифи раиси ноҳия ҳамовоз шуда, ба ҳашар баромадем,- гуфт ҳангоми суҳбат сардонри идораи роҳсозии ноҳия Ҷамшед Ализода.

       Дар ҳашари умумӣ коллективҳои муассиса ва корхонаҳои  ноҳия аз қабили, идораи бехатарии озуқаворӣ, шуъбаи маориф, идораи  беҳдошти замин, шуъбаи дезинфексияи профилактикӣ, хоҷагии  коммуналӣ,  Агенти суғуртаи  иҷтимоӣ  ва нафақа аа  дигарон  бо ғайрати дучанд меҳнат намуданд.      

Маркази матбуоти раиси ноҳия 

  

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай