Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТАНТНАИ ВАҲДАТ

            Саҳни мактаби миёнаи рақами 14 бо худ намуди идона гирифта буд. Меҳнаткашони ноҳия дар тан либосҳои идона бо дастагулҳои тару тоза ҳамдигарро ба муносибати Рўзи ваҳдати миллӣ  табрику муборакбод менамуданд. Дар ин рўзи саид бо ташаббуси роҳбарони мактабҳо  ва сокинони Ҷамоатҳои ноҳия чорабиниҳои гуногун- аз қабили намоиши дастовардҳои толибилмон,  маҳсули дасти чеварони муъҷизакори ҷамоатҳо, китобу лавҳаҳои  ваҳдатсаро, намунаи офаридаи навоварони наврас  ба марази тамошо гузошта шуда буданд. Тарафи дигар хонандагон барои  меҳмонони ташриф фармудагӣ зери дафу чангу  рубоб  сурудҳои дар онҳо сулҳу ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ таҷассумгаштаро замзама мекарданд. Раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат муҳтарам Б.Одиназода аз  намоишгоҳҳои  омоданамуда дидан намуда, аз ташкили чорабиниҳо ва бо чунин тантана истиқбол гирифтани Рўзи ваҳдати миллӣ  изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори ташаккур намуд.

            Сипас дар толори мактаб дар ҳузури меҳмонон ва меҳнаткашони ба ид омада, раиси ноҳия  бо маърўзаи пурмуҳтаво баромад намуд. Муҳтарам Б.Одиназода аз ҷумла қайд намуд, ки:

            -Ҳар миллат  дар таърихи худ  рўйдодҳо ва санаҳои муҳиме дорад, ки  онҳо дар ташаккули ҳисси ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба таҳкими сулҳу суботи аҳли ҷомеа нақши басо муҳим доранд. Ба ҳамагон маълум аст, имсол  Рўзи ваҳдати миллӣ  дар арафаи ҷашни  30- юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки муҳимтарин  дастоварди таърихи  навини миллати  сулҳдўсту фарҳангофари  мо маҳсуб  меёбад, таҷлил мегардад.  Аз  гузаштаи начандон дури таърихи миллатамон ба ҳар яки мову шумо маълум аст, ки давлати тозаистиқлоли мо  дар оғози солҳои 90-ум қарни гузашта  ба гирдоби  ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои  иқтисодии миллӣ  фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи  сиёсӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа  хатари заволи давлат  ва парокандагии  миллатро пеш оварда буд. Маҳз ифтихори ватандорӣ, дурандешӣ, ҳисси баланди масъулият ва иродаи матин ба Роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон  имкон дод, ки дар роҳи хотима бахшидан ба низоъ ва хусумати дохилӣ, таҳкими сулҳу сафо ва ваҳдати миллӣ   шарафёб шавад. Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “ Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда  бошад, медонад, дарахт  дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад.Мо меваи ширини ниҳоли сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо  аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз  роҳ намедиҳем, ки теша ба решаи он расад”.

           Дар охири чорабинии идона ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим бо  барномаи рангини худ хотири омадагонро болида гардонданд.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

            

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай