Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - НУҚТАҲОИ ХИЗМАТРАСОНӢ МЕАФЗОЯД.

 

          Мардуми  ғайратманду созандаи ноҳия баҳри сазовор истиқбол гирифтани Рўзи ваҳдати миллӣ ва ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ба корҳои  ободониву созандагӣ  аз пештара дида бо дили гарму ғайрати дучанд камар бастаанд. Ният доранд, ки ин ҷашнҳои таърихии миллатро дар рўҳияи баланд ва бунёдкорӣ таҷлил намоянд. Ҳамин аст, ки танҳо дар арафи Рўзи ваҳдати миллӣ  дар ҳудуди ноҳия  бо дастгирию мадади ҷавонмардони  эҳсонкору дасткушод ва созанда  даҳҳо иншоотҳои ба мардум хизматрасон  бунёд гардида, дар вазъияти тантанавӣ кушода шуда, ба хизмати меҳнаткашон вогузор карда шуданд.

        Чанде пеш ҳайати комиссияи ҳукуматӣ бо роҳбарии раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат муҳтарам Бозоралӣ Одиназода  дар арафи Рўзи ваҳдати миллӣ   як қатор иншоотҳои хизматрасонро, ки дар деҳаҳои ноҳия  бунёд ёфтаанд, дар ҳозири мардумон ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба кори пурсамари ояндаашон фотиҳаи нек доданд.  Сараввал дар деҳаи Тагнови ҷамоати деҳоти Даштигуло, мағозаи молҳои омехтаро, ки бо  ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор доданд. Сипас,  дар маркази деҳаи Пушкини ҷамоати Қаҳрамон мағозаи молҳои хоҷагӣ ва фурўши нуриҳои минералӣ барои деҳқонон мавриди баҳрабардорӣ карор гирифт. Дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати  Меҳнатобод  ва  маркази ноҳия бошад, дорухона ва нуқтаҳои фурўши орд, масолеҳи сохтмонӣ ва мағозаи молҳои омехта дар вазъияти тантанавӣ дари худро барои баровардани ҳоҷати корафтодагон боз карданд.   

        Дар суханронии худ ба муносибати кушодашавии ин иншоотҳои хизматрасон раиси ноҳия муҳтарам Б.Одиназода мардуми бунёдкори ноҳияро ба иди Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, дар корҳои созандагию бунёдкории онҳо муваффақиятҳои беназир таманно намуд.

       -Ҳар рўз моро бо  ҷашни бузурги таърихӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон торафт наздик карда истодааст. Яке аз  тўҳфаҳои арзанда оиди  сазовор истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ- пеш аз ҳама бунёдкориву созандагӣ ва зебогардонӣ  мебошад. Танҳо дар давоми ду соли охир дар  маркази ноҳия ва деҳаҳои ҳудули он даҳҳо иншоотҳои  хизматрасон сохта шуда, ба ихтиёри корафтодагон вогузор карда шуданд. Мо тасмим гирифтем, ки то ин ҷашни фархунда боз даҳҳо иншоотҳои  зурурии хоҷагии халқро, ки дар беҳшавии рўзгори мардум саҳми арзанда мегузоранд, бо тарҳи зебо сохта ба истифодабарӣ диҳем,-гуфт дар суханрониааш муҳтарам Б.Одиназода.

      Бунёди иншоотҳои ҷашнӣ дар ҳудуди ноҳия бо неруи дучанду рўҳияи созандагӣ идома дорад.

      Маркази матбуот раиси ноҳия      

 

 

 

 

 

 

   

 

 

 

 

 

 

 

 

 

   

 

 

       

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай