Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Посух ба иғвоангезони миллат

        Боиси таассуф аст, ки баъзе аз ноқусулақлон бештари кирдорҳои ношоистаи зиддиинсониро бо амалҳои худ ба дини ислом ва мусулмонон иртибот дода, дурӯғу фитнаи хешро ҳамчун як тарғибу ташвиқ барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ ба кор мебаранд. Имрӯз яке аз чеҳраҳои шинохтаи Аврупо, яке аз аъзоёни гуруҳҳои ливота дар Урупо ва яке аз мухолифини миллату давлати тоҷик Муҳаммадиқбол, ки хориҷ аз кишвар сукунат дорад ба чӣ корҳое даст зада истода, аз номи поки динӣ ислом сухан гуфта, аҳли имон ва шаҳрвандони Тоҷикистонро бо фатвои худ гунаҳкору хатокор меҳисобад. Ҳол он ки таъриху зиндагиномаи худро фаромуш кардааст.Дар байни мардум мақоле аст, ки мегуянд: “Дӯзди зӯр соҳиби говро бастааст”, рост аст Муҳамадиқбол яке аз аъзоёни ТЭТ ҲНИ, аъзои фаъоли Паймони миллӣ сухандон, сухангӯи наҳзатиҳо дар зоҳир чӣ мегуяду дар асл чӣгуна аст, ба мардуми Тоҷикистон маълум гашта истодааст. Ӯ аҳвол ва корҳои пасипардагии худро паноҳ дошта, дигаронро бо ҳар суханони қабеҳ маломат карда, худаш дар охир туъмаи шармандагӣ гашт.Дигар маълум гашт, ки ТЭТ ҲНИ ва аъзоёнаш, махсусан аъзоёни фаъолаш сухандон нею, ливотагар, найрангбоз ва чуноне, ки номаш арзёбӣ мекунад, дар ҳақиқат ба як Ташкилоти экстремистӣ-террористӣ мубадал гаштааст, ки ба фаъолияти авбошиву маккорӣ, шайтонию ҳаромхӯрӣ равона мебошанд. Инчунин ногуфта намонад, ки ин ташкилот ба худ чунин шахсонро аъзо мегирад. Хоҳишмандон — хиёнаткорон ва шахсоне, ки маълумоти бардуруғ аз дохили Тоҷикистон ба ин шахсиятҳо мефиристанд бе озмун ба ин ташкилот қабул карда мешаванд.Муҳаммадиқбол, ки чунин як номи зеборо зери по кардааст, чеҳраи хунукӣ аслии террористона мебошанд, ки ба шағол монанд буда, ҳамзамон шағолсифатона рафтор менамояд. Дар зери ин чеҳра фикру ақидаҳои пинҳон аст ва ӯ бисёртар аз даричаи сунимазҳабон ба ҷаҳон нигариста, дар пушти парда хизматгори кадом як охуни саллакалон мебошад. То он даме, ки Аврупо ва ё дигар давлатҳои нопоксозандаи дини ислом аз онҳо зараре набинанд онҳоро дастгирӣ мекунанд. Худоё тезтар онҳоро шарманда соз!

Каримов Иноятулло, устоди кафедраи “Улуми Қуръон ва ҳадис”-и ДИТ ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа


 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай