Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо

ТЕХНИКАҲО БА КОР ОМОДААНД.

Имрўз бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат, намояндаи Вазорати кишоварзии ҶТ, Раҳмонов Далер намоиши техникаҳои кишоварзӣ доир шуд. Дар ноҳия комиссияи махсуси аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия созмон додашуда, дар тамоми хоҷагиҳо омодагии техникаҳои дар соҳаи кишварзӣ кор мекардагиро ба мавсими кишту кор мавриди санҷиш қарор доданд

В Душанбе обсуждены вопросы освещения светскости в классической таджикской литературе

ДУШАНБЕ, 21.02.2022 /НИАТ «Ховар»/. Сегодня в Национальной академии наук Таджикистана состоялась научная конференция на тему «Значение светских идей в формировании национального самосознания». Об этом НИАТ «Ховар» сообщили в Национальной академии наук Таджикистана.

Дар Душанбе масъалаҳои инъикоси дунявият дар адабиёти классикии тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд

ДУШАНБЕ, 21.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Аҳамияти андешаҳои дунявӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ» конференсияи илмӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷаласаи назоратии назди раис

Рўзи душанбе ҷамъомади назоратии назди раиси ноҳия доир гардид. Сараввал, раиси ноҳия, узви маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одиназода аҳли кормандони Комиссариати ҳарбӣ ва Кумитаи ноҳиявии мададгори мудофияро ба ифтихори рўзи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бо Сипоснома қадрдонӣ намуданд.

ВОХЎРӢ БО СОҲИБКОРОН

Дирўз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ вохўрии судманд бо соҳибкорон ва саноатчиёни ноҳия баргузор шуд...

СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

Рўзи бисту якуми феврал дар майдони Исмоили Сомонӣ бахшида ба Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид, ки дар он намояндагони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, маориф, тандурустӣ, аскарони башардўст, қисми ҳарбӣ иштирок доштанд.

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

Имрўз Раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Шариф Раҳимов ба аёдати собиқадори меҳнат, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватан Давлат Туронов ва Шоири Халқии Тоҷикистон устод Алимуҳаммад Муродӣ рафта, аз ҳоли онҳо бохабар гардид ва туҳфаҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба онҳо супорид.

АМАЛИШАВИИ БАРНОМА

Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2021, №20192(243) гурўҳи кории Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии С.Нуралӣ, Наимзода М.Л., Абдуллозода О.Х. рафти амалишавии «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои солҳои 2021-2025»-ро дар бахши иқисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода..

Вохўрии судманд бо фаъолони деҳоти Чубек

Дирӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар толори маҷлиси муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №5-и Ҷамоати деҳоти Чубек вохӯрии гуруҳи корӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Ҳусния Исҳоқӣ, Сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия полковники милитсия Ташрифзода Ш, сардори шуъбаи дар ноҳиябудаи КДАМ ҶТ Қодиров С., мудири бахши кор бо занон ва оила Фотима Маҷидова...

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай