Ҷаласаи ҷамъбасти нуҳмоҳа баргузор гардид.
Дирӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи ҷамъбасти нуҳмоҳаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2024 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай, муовинони соҳавӣ, Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои МИҲД-и ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, раисони ҷамоатҳо иштирок карданд...