ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Дар ҳошияи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Боғи фарҳангии ноҳия чорабинии тантанавӣ ва пуршукӯҳ дар фазои идона доир гардид. Дар ин ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои ноҳияӣ, аҳли зиё ва собиқадорон ширкат доштанд...