Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Саноат

      Дар соли 2019  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 114 миллиону 812,4 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2019  141,2 фоиз зиёд мебошад.

       Ҳаҷми истеҳсоли орд 102,6 фоиз, равғани растанӣ 105,4 фоиз, маҳсулоти ширӣ 100 фоиз ва нахи пахта 140,8 фоиз зиёд гардид. Истеҳсоли хишти сементӣ бошад, ба 768,1 ҳазор дона расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 68 ҳазор дона зиёд ё ба 109,7 фоиз расонида шуд.

       Аз 62 корхонаи саноатӣ 56 корхона фаъолият дошт. Аз шумораи умумии корхонаҳо 10 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам намуда, 6 корхона фаъолияти истеҳсолии худро ба роҳ монда натавонистанд.

     Дар соли 2019-ум дар ноҳия 11 адад корхона бо таъсиси 60 ҷойи корӣ бунёд гардида, аз онҳо 3 ададаш дар шуъбаи омори ноҳия ба қайд гирифта шудаанд.

     Давоми соли 2019 қабули барқ дар ноҳия 105 миллиону 70 ҳазор киловат/соатро ташкил намуда, исрифи технологии барқ 14 миллиону 187 ҳазору  287 киловатт соат, ё ин ки 13,5 фоизро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта исрифи технологӣ  1,4 фоиз  кам мебошад. Нақшаи умумии ҷамъоварии маблағ 88 фоиз  таъмин карда шудааст.  Дар ин давра 13 миллиону 737,8 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз аҳолӣ 8 миллиону 992,5 ҳазор сомонӣ (84,8%), ташкилоту муассисаҳо 2500,8 ҳазор сомонӣ (78,9%) ва корхонаҳои хусусӣ 612,3 ҳазор сомонӣ (98,0%)  ҳаққи истифодаи қувваи барқ пардохт гардид.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай